Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар соли нав тасмим гирифтаааст, ки барои ҷавонони ин вилоят ҳафтаномаи “Ҳамқадам”-ро таъсис диҳад.
Фариза Абдуллоева, сардори раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон гуфт, ки онҳо интизори иҷозатномаи Вазорати фарҳанг ҳастанд, ки рӯзҳои наздик ба дасташон мерасад ва дар ин ҳафтанома хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҷавонон ва соҳаи варзиш ба таъб мерасонанд.
Ба иттилои расмӣ онҳо бо гирифтани иҷозатномаи вазорати фарҳанг дар бораи ба нашр расонидани ҳафтаномаи “Ҳамқадам” теъдоди нашрашро муъаян мекунанд.
Шумораи ҷавонон дар вилояти Хатлон 940 ҳазору 420 нафар аст, ки 32, 4 дарсади аолии вилоятро ташкил медиҳад, аммо онҳо ҳафтанома ё маҷалаи соҳави надоштанд, ки аз ҳаёти ҳамсолони худ огоҳ бошанд.
Хабарнигори шабакаи мониторинги АМВАОМТ.