Шаҳрдори Душанбе “беғаразӣ”-и ТВТ-ро “хандаовар” медонад

«Беғаразӣ»-и барномаҳои Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистонро шаҳрдории Душанбе «хандаовар» номид.

14-уми январ ҳукумати шаҳри Душанбе бо нашри баёнияе дар вокуниш ба гуфтаҳои Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радио, ки гуфта буд, “беғаразии моро мурофиаҳои додгоҳӣ низ бо шаҳрдории Душанбе собит кард” хандаовар хондааст.

Ин ҳарфро раиси Кумита дар нишасти хабариаш дар бораи барномаҳои интиқодии Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар мавриди шаҳри Душанбе гуфта буд. Раҳмонов гуфта буд, ки барномаҳои интиқодии онҳо нисбат шаҳрдорӣ бидуни ғараз мебошад.

Шаҳрдорӣ гуфтааст, Суди ноҳияи Шоҳмансур соли 2012 Ҳалнома содир кард, ки “Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шабакаи якуми  Телевизиони  Тоҷикистон уҳдадор карда шуданд, ки «ҷиҳати аз байн бурдани вайронкунии ҳуқуқ ва озодиҳо вобаста ба барқарор кардани шаъну шараф ва эътибори корӣ расман тавассути барномаи «Ахбор»-и Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон оиди гузориши нодурусти мухбир Абдулваҳҳоби Абдусаттор дар муҳлати на дертар аз як моҳи баъди ба қувваи қонунӣ даромадани Ҳалномаи Суд раддия изҳор намуда, аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе узр пурсад”.

Баъд аз қабули ҳалномаи зикргардида Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зинаҳои болоии судӣ нисбати бекор кардани он муроҷиат намуд, аммо дар ҳама зинаҳои судӣ ҳалномаи қабулнамудаи Суди ноҳияи Шоҳмансур қонунӣ эътироф ва бетағйир мононда шуд.

Новобаста аз муроҷиатҳои чандинкаратаи судиҷроичиён иҷрои санади судии аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулнамудаи Суди ноҳияи Шоҳмансур аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз таъмин нагардидааст.

9-уми январ Асадулло Раҳмонов дар нишасти хабариаш гуфта буд, ки  онҳо дар асоси камбудиҳо барнома омода мекунанд ва нисбати шаҳрдорӣ ягон ғаразе надоранд: “Мо аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон барномаҳои танқидӣ пахш мекунем. Аммо афсус ки хабарнигорони минтақавии мо он қадар фаъол нестанд. Вақте мо камбудиро мебинем чаро онро нагӯем. Ин қадар сол таъриф кардем чи шуд?  Мо аз кори худ худамон норозӣ будем”.

Copyright © 2015 TojNews

http://www.tojnews.org/tj/news/shakhrdori-dushanbe-begarazi-i-tvt-ro-handaovar-medonad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *