Ба таваҷҷӯҳи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ
Телевизион оинаи давлату миллат ва фарҳанги ӯст. Оинаест, ки симои зебои миллат дида ва ба дигарон инъикос карда мешавад. Албатта, ин дар гуфтор як чизи маъмулист, аммо як нукта — то куҷо ин оина, яъне телевизионҳои кишвар нақши «миллатнамоӣ»-и худро дуруст иҷро карда метавонанд, ҳанӯз норавшан аст.
Ҳукумати кишвар, дар шахси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон талошҳои зиёд ба харҷ дод, то чор шабакаи телевизионии кишвар ба пахши рақамӣ гузаранд. Ин иқдом аз як ҷиҳат баҳри сифатнокии пахш ва ҷой додани шабакаҳои телевизионӣ дар моҳвора буд, то моро низ тамошо кунанд. Дар асоси шартнома бо Созмони умумиҷаҳонии савдо, Тоҷикистон ӯҳдадор гаштааст, ки то соли 2015 тамоми шабакаҳои телевизионии кишвар ба низоми рақамии пахш гузаранд. Дар ин росто, аз ҷумлаи ҳама мушкилиҳои гузуриш ба пахши рақамӣ мушкилии харидории приставкаи рақамии телевизионӣ мебошад, ки 500 доллар ва аз он зиёда нарх дорад. Бинобар ин, то ин ки мардуми кишвар телевизиони ватаниро тамошо карда тавонанд, бояд ин дастгоҳро харидорӣ намояд. Вале ду рӯз аст, ки дасту дили ман ба харидани ду батареяи пулти телевизор, ки аз кор мондаву ҳамагӣ ду сомонӣ нарх дорад, намеравад. Чаро? Чунки қариб ниёзе барои харидани он намебинам: телевизионҳо аз рӯи моҳият дилгиркунанда ва аз нигоҳи стратегӣ ташвишоваранд, ки ин бештар ба Шабакаи аввал ва Телевизиони «Сафина» рабт дорад. Албатта, бо он ки ман тамошо кардан намехоҳам, аз телевизионҳои кишвар чизе намеравад, вале чунин манҳо кам нестанд, ки тамошои телевизион онҳоро дилгир намудаву рӯ ба тамошои шабакаҳои хориҷӣ овардаанд.
Намедонам аз кадом давра, вале ҳанӯз хурд будам, ки дар шабакаи аввал «памперс» реклама карда мешуд, аммо солиёни зиёд пушти сар шуду «памперс»-и яксомона ҳанӯз ҳам реклама карда мешавад. Равғани «ONA» яке аз арзонтарин равғанҳо дар бозори кишвар аст ва аз рӯи сифат низ шояд дар зинаи паст бошад, аммо ин низ ҳамчун реклама дар телевизиони кишвар умри зиёд мебинад. Аслан реклама муаррифии чизи нав аст, вале «Орбит» поёни умраш расидаву он низ яке аз умрдарозтарин маводи рекламавӣ боқӣ мондааст. Суол ин аст, ки агар телевизион оинаи миллат бошад, миллатро магар метавон бо «памперс»-и хитоӣ ва равғани «Она»-ву «Шедрое Лето» ва ё «Орбит» муаррифӣ кард ва ё рекламаро ягон ҳадду сарҳад мавҷуд ҳаст?!
Фаҳмида будам, ки Президенти кишвар бештар шабакаи аввалро тамошо мекунад. Бинобар ин, вақте ки «памперс» реклама карда мешавад, масъулон агар фикри мардум ва кадом як тамошобини хориҷиро накунанд, андешаи онро намоянд, ки дар назди телевизион Президент нишастааст. Гап сари он намеравад, ки «памперс»-ро мамнӯъ аст реклама кард, вале масъала дар он аст, ки оё он ба реклама кардан ягон ниёз дорад ва ё ҳаммонанди он «ролтон»-ро ва онро ҳам дар шабакаи аввал, ки гоҳо худро шабакаи дӯстдоштанӣ муаррифӣ мекунад?
Воқеан, бештари вақт дар назди телевизор ба он хотир мешинам, ки кай рекламааш тамом мешавад ва ягон барномаи хубе пешкаш мегардад, вале чун рекламаи телевизиони «Сафина», ки аслан муаррифии маҷмӯи доруҳо барои бемории зуком аст, дурудароз мешавад, Шабакаи аввалро мемонам, ки дар он ҷо низ доруи Доктор-Мом ва ё кадом доруи монанди он реклама мешавад. Аз ҳама тааҷҷубовар ин аст, ки реклама ҳатто 10-15-20 дақиқа давом карда, ҳатто дар як вақт як маводи рекламавӣ ду маротиба низ пешкаш мешавад. Махсусан пеш аз барномаҳои ахбор. Яъне ҷои холии вақти телевизионро бо реклама пур кардан барои ин ду телевизион як одати маъмулӣ гаштааст.
Қариб дар аптека доруе намондаст, ки дар ин ду шабака реклама карда нашавад, ки ҳама барои бемории зукому буғумдард аст: Доктор-МОМ, Ко-экс, Тонифиб, Аджиколд, Тадимакс, Бромесол, Стоп грипп, Нол-грип, Трависил ва чандинҳои дигар. Агар ин доруҳо барои огоҳии мардум бошанд, пас чаро дар дар як вақт даҳҳо дору муаррифӣ карда мешавад, ки ҳама барои бемории зукоманд, яъне бинанда дар ин ҳолат (ҳангоми харид) кадоми онро бояд интихоб намояд?! Ин огоҳиест барои гумроҳии бинанда…
Қариб дар назди хонаи ҳама як дорухона мавҷуд аст ва миёни мардум ба андозае беморҳо зиёданд, ки худ дар интихоби доруву дармон аз табиб ҳам огоҳтар гаштаанд ва ё ақаллан миқдори доруҳое, ки аслан ҳама барои як навъ беморианд, бояд дар телевизион кам карда шавад.
Аксари барномарезони шабака мекӯшанд, ки ҷолибияти барномаи худро аз ҳисоби ҳузури сарояндагон ва ҳунармандон таъмин намоянд, вале журналисти асил бояд ба ин «воситаҳо» ниёз надошта бошад. Барномаро журналист бо санъат ва маҳораташ диданибоб менамояд ва барои ин на кадом як шахси машҳур, балки рӯзгори оддии одамон кифоят аст. Барои мисол, барномаи «Лаҳзае дастрас» кифояткунанда аст, ки аслан дар он мӯҳтаво вуҷуд надорад. Наздики даҳ нафар ҳунарманд ҷамъ мешаванд, то охири барнома ба гуфтани ягон ҷумла оё фурсат пайдо мекунанд ва ё на, бо ҳамин тамом…
Узр, вале мардум мехоҳад ҳаёти худ, ҷузъиёти мушкилии рӯзгори хешро дар телевизион бинад, на рӯзгори кадом як ҳунарманд, ки аслан бо рӯзгори мардуми оддӣ муқоисанашаванда аст. Илова бар ин, барномаҳо аксаран қолабиву якранганд, ки аз чигунагии таҷриба ва ё шояд коргузории масъулони ин телевизионҳо дарак медиҳад.
Чанд нафар шахсони воқеан лаёқатмандеро мепурсам, ки чаро ба телевизион кор намедароӣ? Мегӯянд: «Чеҳраи телевизионӣ надорам». Сабаб дар он аст, ки меъёри меҳварии қабули кор ба телевизион қаду қомати зебо ва чеҳраи телевизионист. Аз ин рӯ, касе зебост, дар телевизион кор меёбад ва касе нозебост, агар дипломи аълои жураналистӣ ҳам дошта бошад, барои кор ба телевизион «мувофиқ» нест. Суол ин аст, ки то кай қабули кор ба телевизион аз рӯи принсипҳои «озмуни зебосанам» сурат мегирад ва ё то кай лаёқат қурбони ҳусн мегардад?! Шахсан банда шубҳа надорам, ки дар телевизион нафарони аз рӯи зебогӣ ба кор қабулшуда нисбат ба ононе, ки аз рӯи ихтисос кор даромада бошанд, бештаранд. Магар бинанда ҳангоми тамошои телевизион қаду қомати барандаро бо ҷадвал чен мекунад ва ё ҳамчун судя ба ҳусни ӯ баҳо медиҳад???
Фикр мекунам, шарт нест, ки дар арафаи кадом як иде як ҳафта пеш аз он ва ду ҳафта баъди он пурра барномаҳои телевизионӣ ба ид бахшида шавад. Худро ба ҷойи бинанда гузоред — ин тамоман риққатовар аст. Назди меҳмон тамоми ғизоро гузориву сония ба сония ба хӯрдан даъват намоӣ, меҳмон гурусна аз хона меравад. Ҳар қадар калимаи «ваҳдат» ва «истиқлолият»-ро аз андоза зиёд истифода мебаред, ин ибораҳои муқаддасро ба назари шунаванда ба сухани оддиву гушхарош табдил медиҳед. Талқину тамдеҳи пайвастаи чизе ба тазлил мубаддал шуда, тазминро дар дарки воқеии он зери шубҳа мебарад, ки ба хизмати хирсона мемонад.
Банда пешниҳод мекардам, ки ҳарчанд дар истеҳсолот он қадар пешрафта нестем, вале дорем маҳсулоти зиёди истеҳсоли ватаниеро, ки бояд онро муаррифӣ намуд. Инчунин, ба ҷои рекламаҳои тӯлониву такрорӣ саҳнаҳои гуногуни театриро (ки мардуми деҳот ва ё умуман шаҳрвандон бо баъзе имкониятҳо ба театр рафта наметавонанд) бояд намоиш дод. Ҳамзамон, аз ҳисоби журналистони лаёқатманд (вале на то он ҳад зебо) сохтани барномаҳои ҷолиб, ки вақтҳои холии телевизионро пур намояд ва ғ. Фақат масуъулият лозим аст. Албатта, реклама даромади телевизион аст, вале сарчашмаи асосӣ ва ягона нест. Чунки ин телевизионҳо аз ҳисоби буҷаи кишвар фаъолият мекунанд.
Ҳарчанд дар хусуси телевизиони «Ҷаҳоннамо» ва «Баҳористон» сухан нарафт, вале дар фаъолияти онҳо низ нуқсонҳо зиёданд, аммо нисбатан кам. Масалан, шабакаи «Баҳористон» нисбат ба дигар шабакаҳо хеле хуб аст, ки бештари вақт чун шабакаҳои дар боло зикршуда маро ба ҷон мерасонанд, ба ҳамин шабака рӯ меорам. Мултфилм ку аз реклама хубтар аст!
Банда, ки як нафар «шаҳрванди қаторӣ»-и ҳамин ҷомеа ҳастам, аз кори ин шабакаҳо дилгир шудаам, намедонам ба зиёиёни мо шахсони баландмақоми илмиву ҷамъиятӣ ин телевизионҳо чӣ гуна таъсир дорад. Аз ин рӯ, хоҳиш доштам, ки ин шабакаҳои телевизионӣ як навъ пурсише байни аҳолӣ гузаронанд, то аз камбудиҳои раванди фаъолияти худ огоҳ шаванд ва онро минбаъд ислоҳ созанд. Зеро агар ҳолат ҳамин тавр идома ёбад, баъди гузариши пурра ба пахши рақамӣ касе ба ин шабакаҳо рӯ нахоҳад овард ва кишварро фазои бузурги холӣ аз иттилооти ватанӣ фаро хоҳад гирифт.
Банда ин гуфтаҳоро ба он хотир рӯи коғаз меорам, ки мехоҳам воқеан телевизионҳо тамошобоб бошанд, на танқиде, ки ба бадии касеву чизе равона шуда бошад.
Маъруфи АЗИЗ, сокини пойтахт
http://faraj.tj/culture/7675-tv-doruhona-e-d1263koni-pampers.html