Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон тасмим гирифтааст осорхонаи рӯзноманигорони кишварро таъсис диҳад.
Ин ниҳод бо нашри як эълон аз ҳамаи хабарнигорон барои амалисозии ин иқдом кӯмак хостааст.
Гуфта мешавад, осорхона дар толори ҶДММ «Чархи гардун», дар ошёнаи якуми бинои «Шарқи озод» ҷойгир шуда, дар он бештар радиову диктофони кӯҳнаву муосир, дастгоҳи аккосӣ, мошинаҳои чопӣ, шаҳодтаномаи журналистон, маҷаллаву нашрияҳо, дастурҳои таълимӣ ва акси хабарнигорон ҷой дода мешавад.
http://faraj.tj/news/7704-osorhonai-zhurnalistoni-to1207ik-tasis-meebad.html