Ҳуқуқшиноси тоҷик Иноят Иноятов мегӯяд, бояд қонун дар бори «Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилооти судӣ» қабул карда шавад.
Номбурда ин пешниҳодро дар мизи гирд, ки ҳоло дар мавзӯи «Мушкилоти ҳимояи ҳуқуқии ВАО, таъқиби беасоси судӣ ва маблағҳои ҳангуфти қазияҳои зидди ВАО» ҷараён дорад, изҳор дошт.
— ман фикр мекунам, ки бояд имрӯз дар соҳаи фаъолияти ВАО ва ҳама гуна баҳсҳои судии он, қонун дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилооти судӣ қабул карда шавад. Шояд ба фикри ман мухолиф бошанд, чун қонунҳо дар барои фаъолияти соҳаи ВАО зиёд ҳастанд. Аммо ҳеҷ кадоме аз ин қонунҳо ҳамаҷониба ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилооти судиро ба танзим намедароранд.
Ҳуқуқшинос иддао дорад, ки қабули чунин қонун метавонад мушкили дастрасӣ ба иттилооти судиро бартараф созад.