Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон яке аз сабабҳои аз чоп мондани ҳафтаномаи “Нигоҳ”-ро таҳқири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷониби ин нашрия хонд.
Орумбекзода имрӯз, 19-уми октябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки “Нигоҳ” дар баробари беэҳтиромию таҳқир нисбат ба сарвари давлат дигар муқаддасоти миллиро низ таҳқир кардаст. Ӯ илова намуд, ки омили дигари чоп нашудани ҳафтанома саривақт аз қайди мақомоти давлатӣ нагузаштани он аст.
Дар мавриди он, ки чӣ гуна ва дар кадом шуморааш ҳафтаномаи “Нигоҳ” раисиҷумҳур ва муқаддасоти миллиро таҳқир кардааст, вазири фарҳанг изҳор дошт, ки ба далели танг будани фурсат ва ҷаласаи корияш наметавонад дар бораи ҷузъиёти он суҳбат кунад. Аммо изҳор дошт, ки ба ҳар сурат ҳафтаномаи “Нигоҳ” боз рӯи чоп хоҳад омад: “Чоп мешавад,иҷозат медиҳем. Аллакай мо суҳбат кардаем дар ин маврид ва бояд ҳамин рӯз ҳал шавад.”
Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар идома таъкид намуд, ки “Нигоҳ” набояд ба таҳқири сарвари давлат ва муқаддасоти миллӣ роҳ диҳад.
Ин дар ҳолест, ки Фариддуни Раҳнавард, муҳаррири “Нигоҳ” мегӯяд, ду шумораи ахири ҳафтаномаашон аз чоп набаромадааст:“Матбаа аз Вазорати фарҳанг супориш гирифтааст, ки “Нигоҳ”-ро чоп накунад. Ба матбаа ҳушдор додаанд, дар сурати чоп кардани “Нигоҳ” онҳоро 15 ҳазор сомонӣ ҷарима мебанданд.”
Фариддуни Раҳнавард дар мавриди иддаои вазир оиди таҳқири раисиҷумҳур аз ҷониби “Нигоҳ” изҳор дошт, ки чунин матолибро ба нашр нарасондаанд: “Агар “Нигоҳ” нисбати раисиҷумҳур ё муқддасоти миллӣ туҳмат ё таҳқире карда бошад, тибқи қоннугузорӣ додгоҳ ин масъаларо бинад.”
Масъулини “Нигоҳ” мегӯянд, бо вуҷуди талошҳояшон дар чанд ҳафтаи охир натавонистанд иҷозаи Вазорати фарҳангро дастрас кунанд ва изҳори умед карданд, ки ба наздикӣ мушкили сабти нашрия ҳал мешаваду ҳафтанома боз рӯи чоп хоҳад омад.
http://www.ozodagon.com/19285-vazir-chopi-nigo-baroi-tairi-prezident-mutavaif-shudaast.html