Раиси ИЖТ: Моҷарои “Нигоҳ” ва вазорати фарҳанг бояд бо сулҳ анҷом шавад

“Ман сабаби моҷарои ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва масъулини Раёсати табъи нашри Вазорати фарҳангро намедонам, аммо ба ҳар сурат бар ин назарам, ки манъ кардани чопи нашрия номумкин аст”, -мегӯяд Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Вай мегӯяд, расмиёти аз нав баҳисобгирии нашрияҳо ҳаст, аз ҷумла нашрияҳои ҶДММ “Чархи Гардун”, ки ӯ роҳбарӣ мекунад, аз нав ба ҳисоб гирифта мешаванд.

“Азнавбаҳисобгирӣ як расмиёти техникӣ, барои ба ҳисобгирӣ аст ва набояд боиси бастани нашрия шавад”-таъкид кард раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Вай ба саволи ин ки оё азнавбаҳисобгирии нашрия метавонад ҳадафи таъсир расонидан ба журналистон ё омили фасод бошад, гуфт: «Ман аллакай дар робита ба баҳси “Нигоҳ” рафта будам, онҷо ба ман гуфтанд, ки ин қазия ҳадафи фишор ба газетаро надорад. Аз журналистон пули зиёд гирифта намешавад. Ба ҳар сурат, ба назари ман, ин низоъ бояд бо роҳи мусолиҳа ҳал шавад ва ИЖТ бо ҳар роҳ ба ҳалли ин мушкил мусоидат хоҳад кард”.

Copyright © 2014 TojNews

http://www.tojnews.org/tj/news/raisi-izht-mocharoi-nigokh-va-vazorati-farkhang-boyad-bo-sulkh-anchom-shavad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *