ҲСТ нашри газетаи худро дубора барқарор кард

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) нашри газетаи ҳизбии худ – «Иттиҳод»-ро, ки бинобар сабаби мушкилоти молӣ аз моҳи ноябри соли гузашта мутаваққиф шуда буд, дубора барқарор намуд.

Раиси ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки минбаъд газета ҳар моҳ дар ҳаҷми 8 саҳифа ва бо теъдоди 2 ҳазор нусха чоп мешавад.

Ба гуфтаи Ғаффоров, дар шумораи нави чанде қаб чопшудаи нашрия муроҷиати раиси ҲСТ ба мардуми Тоҷикистон ва барномаи пешазинтихоботии ҳизб нашр шудааст.

«Газета миёни вакилони анҷумани пешазинтихоботии ҲСТ, ки рӯзи 14-уми декабр дар Қасри Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон доир мегардад, тақсим карда мешавад», — гуфт раиси ҳизб.

http://news.tj/tj/news/st-nashri-gazetai-khudro-dubora-bar-aror-kard

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *