Ҷоизаи журналисти «Азия-Плюс» барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ

Дар чорабинӣ бахшида Рӯзи байнулмилалии ҳуқуқи инсон маросими тақдими ҷоизаҳои Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон доир гардид.

Дар номинатсияи «Барои саҳми арзанда дар пешбурди ҳуқуқи инсон» ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва шукуфоӣ» ба ҷоиза соҳиб шуд. Ин ташкилот дар самти ҳимоя аз ҳуқуқҳои гурезагони муқими Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Ба ҷоизаи «Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ» рӯзноманигори газетаи «Азия-Плюс» Ҳумайро Бахтиёр сазовор дониста шуд. Зикр гардид, ки соли 2014 як қатор мақолаҳои ҷасуронаи ӯ оид ба масоили сиёсиву ҳуқуқӣ ба нашр расиданд.

Ҳомии ҳуқуқ Дилрабо Самадова ба ҷоизаи асосӣ – «Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи сол» шарафёб гардид. Тибқи назари Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон, ҷоиза ба ин ҳуқуқшинос барои ҷасорат ва истодагарӣ то охир дар мавқеи худ тақдим карда шуд.

Қобили зикр аст, ки ҷоизаи «Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи сол» соли 2009 таъсис дода шуда, то ин замон ташкилотҳои ҷамъиятии «Ампаро, Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир, рӯзноманигорон Рамзия Мирзобекова, Анора Саркорова, ҳуқуқшиносон Сергей Романов, Татяна Хатюхина, Шуҳрат Қудратов ва Ойниҳол Бобоназарова ба дарёфти он сазовор гардида буданд.

http://news.tj/tj/news/oizai-zhurnalisti-aziya-plyus-baroi-mav-ei-faoli-sha-rvand

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *