Нуриддин Қаршибоев раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд

Дар ҷаласаи солонаи ҳисоботии Шӯрои воситахои ахбори оммаи Тоҷикистон раиси нави Шӯро интихоб шуд.

Номзадии панҷ нафар – Раиси Анҷумани миллии воситахои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Нурддин Қаршибоев, муҳаррири нашрияҳо барои кӯдакони «Чашма» ва «Зангӯла» Абдулвоҳиди Зевар, раиси Иттиҳодияи ВАО-и электронӣ Мӯсо Асозода, омӯзгори факултаи журналистикаи ДМТ Муроди Мурод ва муҳаррири ҳафтавори «Тоҷикистон» Абдумудассир Аҳмадзода ба ин вазифа баррасӣ шуд ва тибқи натиҷаҳои овоздиҳии кушод Нуриддин Қаршибоев раиси Шӯрои ВАО интихоб шуд.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин атрофи масоили марбут ба норасоии кадрҳо, фаъолияти ғайриҳирфаии журналистон, баҳсҳо миёни Орзу Исоев ва ширкати Qnet ва ҷой доштани падидаи маҳалгароӣ дар нашрияҳои хусусӣ табодули назар сурат гирифт.

Шӯрои ВАО-и ҶТ созмони ҷамъиятӣ буда, баҳри татбиқи санади «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» таъсис дода шудааст. Ин санадро ҷомеаи журналистони Тоҷикистон 30 октябри соли 2009 қабул намуда буд.

Ҳадафи аслии Шӯрои ВАО беҳбуди сифати фаъолияти журналистӣ ва пайгирии аз ҷониби ВАО-и ҷумҳурӣ риоя шудани ин меъёрҳо аст. Вазифаи Шӯро ҳамчунин аз он иборат аст, ки баҳри ҳалли ҳама гуна мухолифатҳои пайдошуда дар бахши ВАО то баррасии он дар суд ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳад.

http://news.tj/tj/news/nuriddin-arshiboev-raisi-sh-roi-vao-intikhob-shud

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *