Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон 26-уми ноябр, баъди ҷаласаи Парлумон ба саволҳои журналистон посух додан нахост.
Домоди дуюми Президент Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон ваъда дод, ки ба ҳуҷраи кории муовини аввали спикери Парлумон — Амиршо Миралиев меравад ва баъд ба саволи онҳо посух хоҳад гуфт. Аммо журналистон бенатиҷаи дилхоҳ, ӯро пушти дари бастаи утоқи Миралиев беш аз 30 дақиқа интизор шуданд.
-Хабарнигорон, ки маҷбур шуданд роҳи Нуралиевро дар баромадгоҳи марказии бинои парлумон поянд, ҳамин тавр аз ӯ чизе пурсида натавонистанд.
Ин нахустин бор нест, ки муовини авали вазири молия, ки барои хабарнигорони хориҷӣ дастрас аст, аз суҳбат бо хабарнигорони тоҷик фирор мекунад. Ҳафтаи гузашта вай дар ҷаласаи Парлумон буд ва ҳатто ба танаффус набаромад.
Аз ӯ журналистон ба буҷаи давлатӣ вогузор кардани қарзӣ беш аз 7-милиардии “Барқи тоҷик”-ро пурсидан мехостанд.
Дар ҷаласаи Парлумон зимни баррасии Созишномаи қарзии имтиёзнок байни ширкати «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» Нуралиев назди вакилон, пардохти қарзи “Барқи тоҷик”-ро аз буҷети давлат салоҳ донист.
Вай гуфт: «Имрӯз қарзи «Барқи тоҷик» аз Сангутда-1 ва Сангтуда-2 ба 7,1 миллирад сомонӣ баробар аст, ки хеле ташвишовар аст. Он 26 лоиҳаи зерқарзӣ имконияти пардохтани ин қарзро надоранд. Буҷети давлат ин қарзро пардохт карда истодааст».
http://tojnews.org/ru/node/459