Дар Душанбе мушкилоти ВАО-и электрониро баррасӣ карданд

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) дар мавзӯи «Мушкилоти ВАО-и электронӣ ва дастрасӣ ба иттилоот» конфронс баргузор шуд.

Дар кори конфронс профессорони факултаи журналистикаи ДМТ Асадулло Саъдуллоев, Ҷовид Муқим, Баҳриддин Камолиддинов, намояндаи телевизиони «Шабакаи аввал» Абдуғаффори Камол, дотсенти кафедраи «Телевизион ва радиоишунавонӣ»-и Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон Гавҳар Умарова ва намояндагони Донишгоҳҳои давлатии Хуҷанд ва Кӯлоб иштирок ва ибрози андеша намуданд.

Профессор Ҷовид Муқим дар мавзӯи «Мушкилоти фаъолӣ ва этимод ба ВАО» суханронӣ намуда, зикр кард, ки имрӯз тамоми ВАО-и электронӣ мушкилоти ҷомеаро воқеъбинона ва беғараз инъикос мекунанд. Ӯ ҳодисаи моҳи октябр дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд бо иштироки Рустам Ҳукумовро мисол овард, ки «васоити ахбори оммаи гуногун ба гунаи худ инъикос намуданд ва яқинан возеҳ нашуд, ки дарвоқеъ чӣ ҳодиса рух додааст».

Асадулло Саъдуллоев қайд кард, ки «имрӯз барномаҳои телевизионӣ бештар ҳирфаӣ шудаанд ва журналистони ҳирфаӣ ҳам пайдо шудаанд». «Жанри «ток-шоу» дар телевизиони Тоҷикистон фаъолона дар ҳоли рушд аст, ки боиси хушнудист», — гуфт ӯ.

Ба андешаи Абдуғаффори Камол, дастрасӣ ба ВАО-и электронӣ як тарафи масъала буда,, тарафи дигари масъала пешниҳоди иттилои воқеъӣ мебошад. «Масалан, рӯйдодҳои Украинаро ВАО-и Русия ва кишварҳои Ғарб аз нигоҳи худ инъикос мекунанд, аз ин рӯ, бар ин назарам, ки имрӯзи журналист бояд андешаи мустақили худро дошта бошад», — таъкид дошт номбурда.

Дар конфронс атрофи мавзӯъҳои «Бояд воқеъбинона навишт», «Барномаҳои шоу ва мушкилоти ҷавонон», «Телевизион таҷассумгари фарҳанг» ва ҳамчунин масъалаҳои ҳамраъйии ВАО дар Тоҷикистон, забони ВАО-и электронӣ, ахлоқи журналистӣ дар телевизион ва ғайра табодули назар сурат гирифт.

http://news.tj/tj/news/dar-dushanbe-mushkiloti-vao-i-elektroniro-barras-kardand

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *