Ҳукумат созмонҳои иҷтимоиро аз грантҳои хориҷӣ маҳрум мекунад?

Иддае аз масъулони созмонҳои иҷтимоӣ аз иқдоми ахири вазорати адлия ҷиҳати маҳдуд кардани дастрасии ин созмонҳо ба кӯмакҳои кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ кардаанд

Имрӯз, сешанбеи 18 ноябр зимни баргузории ҳамошии байналмилалии “Озодии баён ва Тоҷикистон. Конфаронс барои ҷомеаи маданӣ” дар шаҳри Душанбе таъкид шуд, ки вазорати адлияи Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба “Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро рӯи даст гирифтааст, ки бар асоси он, дастрасии созмонҳои иҷтимоии кишвар ба грантҳо ё кӯмакҳои кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ маҳдуд карда мешавад.

Дар ин ҳамоиш таъкид гардид, ки тибқи ин лоиҳаи вазорати адлия, дарёфти грантҳо аз сӯи кишварҳо ва созмонҳои хориҷӣ барои созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон танҳо бо иҷозаи ҳукумати Тоҷикистон дода хоҳад шуд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар ин ҳамоиш аз ин иқдоми вазорати адлия изҳори нигаронӣ карда ва гуфт, ки ин амал ҷанбаи бюрократӣ дошта ва фаъолияти созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистонро маҳдуд хоҳад кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Қаршибоев, дар сурати ворид шудани ҷунин тағйирот ва қабули он аз сӯи парлумон, паёмади он ба фаъолияти созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон таъсири манфӣ дорад ва имкони қатъи фаъолияти иддае аз созмонҳои ҷамъиятӣ низ вуҷуд хоҳад дошт.

Ин ҳам дар ҳоле, ки мушкилоти молии созмонҳои иҷтимоӣ, дастрасӣ ба манобеи иттилоот ва ғайра, аз мавзӯоти матруҳаи ҳамоиши “Озодии баён ва Тоҷикистон. Конфаронс барои ҷомеаи маданӣ” дар шаҳри Душанбе аст. Ин ҳамоиш ду рӯза ба ибтикори дафтари намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Душанбе ва ҳукумати Тоҷикистон дар толори меҳмонхонаи “Шератон” ҷараён дорад.

http://www.ozodi.org/content/civil-society-worry-about-government-decision-control-foreign-aids/26697240.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *