Нахустин барномаи таълимӣ оид ба дизайни телевизионии “Хома” дар Тоҷикистон рӯзи 10 ноябр ба кори худ шурӯъ кард. Ин барнома аз ду марҳала иборат буда, дар он кормандони телевизион ва донишҷӯёни факултаҳои дизайни мактабҳои олии Тоҷикистон ҷалб шудаанд.
Ба қавли ташаббускорони барнома, дар даври дуюми он , ки рӯзҳои 24 то 28 ноябр баргузор мешавад, бо ҷалби тренерҳои хориҷӣ ба иштирокчиён аз графикаи телевизионӣ, ороиши саҳна ва брендинги шабакаи телевизионӣ дарс гуфта мешавад. Ҳамзамон дар доираи ин барнома аз худ намудани технологияи муосири телевизионӣ, лоиҳакашӣ, такмили малакаи кор бо дизайни графикӣ ва корҳои амалӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Даври омӯзиширо Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” бо дастгирии Институти “Ҷамъияти кушода” — Бунёди мадад дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Маркази рушди маълумоти журналистӣ” амалӣ хоҳад кард, ки ҳадафи асосиаш ҳалли мушкилоти норасоии кадрҳо дар соҳаи ВАО-и ватанӣ мебошад.
http://www.ozodagon.com/18757-taloshi-homa-baroi-alli-buroni-kadrii-vao-i-toik.html