Матбуоти ҳукуматии Тоҷикистон аз даъват нашуданашон ба таҷлили 90-солагии пойтахт ба Faraj.tj гила карданд.
Онҳо мегӯянд, ки дар ҳар шумораи газетаашон аз дастовардҳои пойтахти кишвар ва саҳми шаҳрдори Душанбе менавиштанду вале охируламр масъулини шаҳрдории пойтахт баҳри ширкат дар чорабинии ҷашнӣ ҳатто як даъватномаро ҳам барояшон лоиқ надонист.
Тарси гиламандон аз он аст, ки мабодо шаҳрдори Душанбе онҳоро ба “рӯйхати сиёҳ” ворид накарда бошад.
Дар сафи нашрияҳои даъватнашуда ба чорабинии ҷашни 90-солагии пойтахт газетаҳои расмии Ҳукумати Тоҷикистон «Ҷумҳурият» ва «Народная газета», газетаи парлумони кишвар «Садои мардум» ва газетаи Ҳизби халқии демократӣ «Минбари халқ» шомил мебошанд.
Аммо матбуоти мустақил феълан дар ин маврид чизе нагуфтаанд.
Ба ифтихори 90-cолагии пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 18 октябри соли равон маҷлиси тантанавӣ ва 19 октябр карнавали идона баргузор гашт.
Тибқи қарори шаҳрдорӣ бошад, ин санаи таърихӣ 9 рӯз дар саросари пойтахт таҷлил гардида, ба мардум ошу нони бепул низ дода шуд.
Бар замми ин, 85 сокини 90-солаи пойтахт ва 66 нафар собиқ раисони шаҳру муовинони раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳо аз ҷониби шаҳрдорӣ бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҷамила Мирбозхонова
http://faraj.tj/main/7056-gila-az-ubaydulloev-charo-ba-1207ashni-90-solag1251-matbuoti-rasm1251-davat-nashudand.html