Дар “Шохиси нави озодии матбуот дар ҷаҳон-2014” Тоҷикистон мақоми 115-умро гирифтааст, ки аз Ӯзбакистон бадтар ва аз Қирғизистон беҳтар арзёбӣ мешавад.
Радабандии озодии матбуот дар ҷаҳон аз ҷониби созмони “Хабарнигорони бидуни марз” тартиб дода шудааст. Вазъи Тоҷикистон нисбат ба як соли қабл 8 зина бадтар баҳогузорӣ мешаванд.
Ба таҳлили коршиносони ин созмон озодии баён дар Тоҷикистон дар як соли охир вазъи хубе надоштааст. Маъракаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба нафъи Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки 20 сол боз дар сари қудрат аст, бозтоб гардида, дар бозтоби маъракаи интихоботӣ тавозун риоя намегардид.
Инчунин, гузоришгарон аз сайтбандиҳо дар Тоҷикистон низ ёд кардаанд. Ба таҳлили коршиносони ин созмон, гарчи дар моҳи марти соли 2013 қонуни нави ВАО ба тасвиб расид, ки дар муҳтавои он пешрафте ҳаст, аммо дар амал то ҳол натиҷае надодааст.
Тибқи раддабандии нави созмон, кишварҳои ИДМ Молдавия дар мақоми 56, Арманистон дар мақоми 78, Гурҷистон 84, Озарбойҷон 160, Қирғизистон 97, Тоҷикистон 115, Украина 127, Руссия 148, Белорус 157, Қазоқистон 161, Ӯзбакистон 166 ва Туркманистон 178 қарор доранд.
Қазоқистону Ӯзбакистон ва Туркманистон дорои бадтарин вазъ мебошанд.
Дар садри ҷадвал номи кишварҳое зиёр шудааст, ки озодии баён дар он ҷо мушкил надорад. Дар даҳгонаи аввали кишварҳои аврупоӣ ва Зеландияи Нав (9) шомил шудаанд. Финландия-1, Ҳоланд-2, Норвегия-3, Люксембург-4, Андора-5, Лихтейнштейн-6 ва Зеландияи Нав -9 пешсаф мебошанд. Дар миёни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Эстония дорои вазъи беҳтари озодии матбуот мебошад, ки дар мақоми 11-ум ҷой гирифтааст.
http://tojnews.org/vazi-ozodii-matbuot-dar-tojikiston-badtar-shudaast