ТАЪСИСЁБИИ БОЗ ЯК РАДИОИ НАВ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

6-уми ноябр дар рӯзи Сарқонун дар шаҳри Истаравшан боз як радиои нав ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

Бино ба иттилои масъулин, радиои нав “Дунё FM” ном гирифта, аз ҷониби  студияи “Дунё-плюс” таъсис дода шудааст.

Радиои «Дунё FM» 24 соат фаъолият карда, самти фаъолияташ адабӣ-фарҳангӣ мебошад.

Ин дуввумин радиои хусусӣ дар шаҳри Истаравшан мебошад. Соли 2009 радиои “Авис-плюс” дар шаҳри Истаравшан таъсис гарид, ки ҳоло яке аз радиоиҳои маъруф дар вилояти Суғд аст.

http://tojnews.org/tasisyobii-boz-yak-radioi-nav-dar-viloyati-sugd

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *