Коршинос: Далелҳои нақзи озодии журналистон дар Тоҷикистон кофӣ аст

Корманди шуъбаи Аврупо ва Осиёи Марказии Кумитаи ҳимоя аз журналистон Музаффар Сулаймонов бар ин назар аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳукуматдорон мунтазам журналистонро мавриди таъқиб қарор дода, озодии матбуотро поймол мекунанд.

Дар мусоҳиба  ба радиои СММ номбурда дар ин робита изҳор намудааст, ки агар ба минтақа дар маҷмӯъ – Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон баҳо дода шавад, ин минтақаи ноозод аст.

Сулаймонов қайд кардааст, ки «агар ба қонуншиканиҳо дар ин самт дар панҷ кишвари минтақа бингарем, метавон гуфт, ки нисбат ба дигар кишварҳои ноозоди Осиёи Марказӣ тайи соли ахир дар Қирғизистон далелҳои фишор ба матбуот камтар ба мушоҳида расидаанд, вале бо ин далел наметавон Қирғизистонро кишвари озод барои матбуот унвон кард, зеро дар ин ҷо низ қонуншиканиҳо ҷой доранд».

«Қирғизистон ягона кишвар дар паҳнои пасошӯравист, ки дар он журналист ва ҳомии ҳуқуқро ба ҳабси абад махкум карданд. Ин шармандагист!», — иброз доштааст ӯ.

Ба андешаи коршинос, мақомҳои минбаъдаро Тоҷикистон ва сипас Қазоқистон ишғол мекунанд. «Ман намедонам, ки дар мусобиқа барои ҷойи охирин кӣ ғолиб меояд, Ӯзбекистон ё Туркманистон, ки дар ҳардуи ин кишварҳо матбуоти озод умуман вуҷуд надорад», — мутмаин аст Сулаймонов.

«Дар робита ба Тоҷикистон ҳарчанд ахиран он ҷо таъқибҳои шадид ба мисли кишварҳои ҳамсоя ба назар нарасида бошанд ҳам, метавон гуфт, ки қонуншиканиҳо дар ин самт кофӣ аст, — идома додааст ӯ. – Аз ҷумла дар Тоҷикистон ба сомонаҳои интернетӣ фишор оварда шуда, дастрасӣ ба онҳоро қатъ месозанд. Аксаран ин амалҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулода сурат мегиранд. Ҳамчунин дар кишвар таҷрибаи пешниҳоди давъо ба судҳо алайҳи журналистон ВАО-и мухолиф ба таври густарда роиҷ аст, вале мурофиаҳои оммавӣ нисбати ВАО ба монанди мурофиаҳое, ки мо дар Қазоқистону Ӯзбекситон шоҳид будем, дар Тоҷикистон ба мушоҳида нарасидааст».

http://news.tj/tj/news/korshinos-dalel-oi-na-zi-ozodii-zhurnaliston-dar-ikiston-kof-ast

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *