Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорон мусоҳиба орост

Нимаи дуюми рӯзи 16 октябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Агентии иттилоотии амрикоии United World мусоҳиба ороста, ба саволҳои онҳо посух гуфт.

Тавре President.tj менависад, саволҳои хабарнигорон ба таърихи муосири Тоҷикистон, аз ҷумла дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва густариши робитаҳо бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ марбут буданд.

Ба иттилои манбаъ, таваҷҷӯҳи зиёд ба дастовардҳои фарҳанги сулҳсозии тоҷикон ва татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба бартарафсозии мушкилоти асосии кишвар, азҷумла мушкилу монеаҳои энергетикӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва ҳамчунин нақши намоёни Тоҷикистон дар таҳкими амнияту субот дар минтақа зоҳир карда шуд.

Манбаъ мегӯяд, United World агентии иттилоотии мустақили байналмилалӣ буда, дорои нашрияҳои чопӣ ва сомонаҳои интернетӣ аст. Сомонаи интернетии Unitedworld-usa.com беш аз 40 миллион хонандаи сабтиномшуда дар тамоми ҷаҳон дорад. United World аз соли 1991 ба ин сӯ бо доираҳои давлатию хусусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва бисёр кишварҳои ҷаҳон робитаҳои қавии ҳамкорӣ дошта, расонаи иттилоотии мӯътабару мӯътамад ба шумор меравад.

Faraj.tj

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *