НАШРИ МАХСУСИ 90-САҲИФАГИИ “НИГОҲ” БАРОИ ҶАШНИ ДУШАНБЕ

Ҳафтаномаи “Нигоҳ” бахшида ба 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон нашри махсус чоп мекунад.

Масъулини ҳафтаномаи “Нигоҳ” мегӯянд, аз ин сабаб нашри ҳафтанома шояд сари вақт ба нашр нарасад. Зеро нашри навбатии ҳафтанома ба муносибати 90-солагии пойтахти Тоҷикистон бахшида шуда, дар ҳаҷми беш аз 90 саҳифа чоп хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Абуалӣ Некрузов, котиби масъули ҳафтанома нашри навбатии ҳафтанома “Нигоҳ” – “Душанбе-90” тарҳи муштараки нашрия ва Ҳукумати шаҳри Душанбе мебошад. Ӯ мегӯяд, дар тарҳи ҷашнии ҳафтанома кормандон талош кардаанд, ки рӯҳияи 90 соли ҳаёти шаҳри Душанбе ва сокинони онро дар саҳифаҳои нашрия бо такя ба бойгонӣ инъикос кунанд.

— Дар ҳар саҳифаи лоиҳа ҳодисаву воқеа, навгониву пешравиҳои шаҳр бозтоб гардидаанд, армуғони “Нигоҳ” барои сокинони шаҳри Душанбе ба муносибати 90-солагии Душанбе мебошад, — таъкид мекунад Некрузов.

Нашри махсуси “Нигоҳ” аввалин таҷрибаи ҳафтанома дар ин самт нест. Соли 2011 ба муносибати 100-солагии ҷашни матбуот “Нигоҳ” дар ҳаҷми 100 саҳифа чоп шуда буд. Инчунин, ба муносибати 80-солагии шоири тавоно устод Муъмин Қаноат, 60-солагии нависандаи номдор Баҳманёр ҳафтанома нашрҳои махсус нашр карда буд.

http://tojnews.org/nashri-makhsusi-90sahifagii-nogoh-ba-jashni-dushanbe

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *