Дастрасӣ ба сомонаи гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» — —www.news.tj имрӯз барқарор шуд. Санаи 10-уми октябр дастрасӣ ба он аз ҷониби аксари ширкатҳои фароҳамсози интернет қатъ гардида буд. Аксари корбарони сомона танҳо тариқи прокси-серверҳо ба сомона дастрасӣ доштанд.
Ба «Азия-Плюс» алҳол сабаби қатъи дастрасӣ ба сомона маълум нест. Тамос гирифтан бо Хадамоти алоқа ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба ин масъала муяссар намешавад.
Имрӯз, 13-уми октябр ширкатҳои фароҳамсози интернет дастрасӣ ба дигар сомонаҳо, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Vkontakte, торнамоҳои Википедия, агентиҳои иттилоотии TojNews, CA-News, Faraj ва ғайраро низ барқарор намуданд.
Давоми ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон дастрасӣ ба беш аз 1 ҳазор сомонаҳои гуногун, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Vkontakte, сомонаҳои Википедия, агентиҳои иттилоотии Русия ва ҳамчунин анонимайзерҳо, ки тариқи он сарфи назар аз қатъи дастрасӣ метавон ба сомона роҳ ёфт, қатъ карда шуда буд.
Қобили зикр аст, ки аз субҳи 11-уми октябр муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба хизматгузории ирсоли смс-паёмак дастрасӣ пайдо намуданд. Пешниҳоди ин хизматгузори аз 10-уми октябр қатъ гардида буд.
Ҳамчунин дар минтақаи шимоли кишвар дастрасӣ ба шабакаи интернет барқарор карда шуд. Шурӯъ аз 5-уми октябр дар вилояти Суғд дастрасӣ ба 3G интернет ва аз 7-уми октябр робита бо ADSL низ қатъ гардида буд. Тавре сокинони вилояти Суғд хабар медиҳанд, робита бо ADSL рӯзи 10-уми октябр барқарор шуда, дигар хизматгузориҳои низ тадриҷан дастрас шуда истодаанд.
Дар робита ба ин амалҳо намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович ҳукуматдорони Тоҷикистонро ба таъмини бемамониати дастрасӣ ба шабакаи Интернет даъват кард.
http://news.tj/tj/news/dastras-ba-somonai-gur-i-rasona-oi-aziya-plyus-bar-aror-shud