Диктори маъруфи телевизион, номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон дар интихоботи парлумонии соли 2005 Муаттара Ҷӯраева аз ҷониби кормандлони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд.
Роҳбари маркази матбуоти Агентии зиддифасод Бахтиёр Юсуфов ба «Азия-Плюс» ин маълумотро тасдиқ намуда, таъкид дошт, ки то субҳи имрӯз ба М.Ҷӯраева то ҳол айбномаи расмӣ пешниҳод нашудааст. «Муаттара Ҷураева дар боздоштгоҳ қарор дошта, имрӯз ба ӯ айбнома пешниҳод мешавад», — гуфт ӯ.
Ба иттилои як манбаъи «Азия-Плюс» дар мақомоти прокуратураи Тоҷикистон, М.Ҷӯраева дар азхудкунии маблағҳои пулии якчанд шаҳрвандони кишвар, ки аз онҳо онро қарз гирифтаву барнагардонидааст ва ҳамчунин пардохт накардани қарзҳои бонкӣ гумонбар дониста мешавад.
Муаттара Ҷӯраева 4 июни соли 1975 дар Душанбе дар оилаи забоншиноси маъруфи тоҷик Рустам Ҷӯраев ба дунё омада, хатмкардаи факултаҳои филология ва молияву қарзи Донигоҳи миллии Тоҷикистон аст. Аввали соли 2000-ум ба фаъолият ба ҳайси роҳбари шуъбаи дикторони телевизиони Тоҷикистион шурӯъ намуда, соли 2003 ба ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ шарафёб гардид. Соли 2005 ба сифати номзад ба вакилӣ ба палатаи поёнии парлумон сабти ном шуда, пас аз нокомӣ дар интихобот кор дар телевизионро тарк кард ва ба тиҷорати хусусӣ машғул шуд.
http://news.tj/tj/news/bozdoshti-diktori-marufi-televizion-ba-gumoni-allob