СӮИСТИФОДАИ ҒОСИБОНИ БОЗОРИ “СОМОН” АЗ ТЕЛЕВИЗИОНИ САФИНА

Гурӯҳи рейдерҳое, ки бозори ҷаҳонии Тоҷикистону Хитой “Сомон” воқеъ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафурови шаҳри Чкаловро зери тасарруфи худ дароварда буданд, аз телевизиони “Сафина” сӯистифода карданд.

Тавре дар ин бора директри генералии ҶДММ“ Кучлан”, раҳбари бозори “Сомон” Абдуҷамол Тоҷибоев хабар медиҳад, 13-уми октябр ба воситаи шабакаи телевизионии мазкур аз ин бозор як гузоришро се маротиба ба такрор пахш карданд, ки дар он гӯё аз дастовардҳои назарраси “маъмурият”-и нави бозор сухан мерафт.

Тоҷибоев мегӯяд, мақсад аз пахши гузориши мазкур қонунигардонӣ ва машрӯъият бахшидан ба роҳбарии ғайриқонунии худ аз ҷониби ғосибон дар назди беш аз 2 ҳазор соҳибкор ва мақомоти давлатии шаҳру вилоят мебошад.

Дар ин навор, ки ба TojNews дастрас шуд, аз он сифат мекунад, ки «соҳибмулкон» 54 мағозаи навро ба истифода додаанд. Аз фаъолияти “соҳибмулкон”-и нави бозор ситоиш карда мешавад.

Чунин таҷриба, ки “ғосибон” бо пахши гузориш дар телевизионҳои давлатӣ фаъолияти ғайриқонунии худро рупӯш мекунанд, иттифоқ науфтодааст. Аммо маълум нест, ки ин гузориш ройгон таҳия шуда бошад.

Бояд тазаккур дод, ки ғасби рейдерии бозор яке аз мавзӯҳои таҳқиқотии журналистии “Нигоҳ” мебошад, ки қаблан чандин амалҳои ғайриқонунии “соҳибмулкон”-и навро фош карда буд.

Аз ҷумла дар қазияи бозори мазкур тақаллубкориеро фош гардид, ки милисаҳо фиреб додаанд.

Ба иттилои хабарнигори Тоҷнюс, ки ин қазияро  пайгирӣ дорад, асноди навбатӣ ба даст омадаанд, ки тибқи онҳо  Ута Даминов намояндаи ҶДММ «Парвизи Некрӯз» “соҳибмулк”-и нави бозор аз номи шаҳрванди Ҷумҳурии мардумии Чин Абудукелиму Шадике ба Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ШВКД  дар шаҳри Чкалов мактуб карда, хостори қатъ кардани шартномаи ҳамкорӣ бо ниҳод гардидааст ва дар зери мактуб имзои шаҳрванди Чинро гузоштааст.

Он замон Абудукелиму Шадике, ки алҳол макони будубошаш маълум нест, дар як суҳбати телефонӣ ба Тоҷнюс гуфта буд, ки аз мавҷудияти ин гуна мактуб хабар надорад, аммо рӯзи 1-уми июни соли ҷорӣ маҳз милисаҳо ба ӯ имкон надодаанд, ки ба дафтари корияш дар Бозори «Сомонӣ» дарояд.

Зимнан муассиси ҶДММ «Кучлан» ва Бозори ҷаҳонии Тоҷикистону Хитой» Сомон»Абудукелиму Шадике ва директори ширкат Абдуҷамол Тоҷибоев аз ин амалкарди Ута Даминов  ва ҶДММ «Парвизи Некрӯз» ба Прокуратураи вилояти Суғд низ шикоят бурдаанд.

Ёдовар мешавем, ки бинобар муроҷиати соҳибкорӣ чинӣ ба Президенти Тоҷикистон, ки дар нашрияи «Нигоҳ» рӯи чоп омада буд, ширкат ва бизнеси ӯ дар вилояти Сугд аз сӯи коршарики собиқаш Эргаш Даминов (бародари Ута Даминов), ки 40 %-и ҳиссаашро дар Бозори «Сомонӣ» соли 2013 бар ивази 1 млн. 200 ҳазор доллари ИМА фурӯхта буд, ғасб шуда, худи ӯро ғайриқонунӣ аз кишвар берун сохтаанд.

http://www.tojnews.org/suistifodai-gosiboni-bozori-somon-az-televizioni-safina

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *