“Ҷумҳурият” бо нашри як мақола аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ “ҳамчун нафаре, ки манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои гурӯҳӣ” боло медонад, сифат кардааст.
Нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон маротибаи аввал аст, ки нисбат ба раиси ҲНИТ хушбинона назар мекунад.
Дар матлаби “Андешаҳо дар ҳошияи баёнияи ҲНИТ”, ки бо имзои Қурбон Кабиров ва Салимҷон Сафарзода нашр гардидааст, аз Муҳиддин Кабирӣ чунин сифат кардаанд: “иқрор бояд шуд, ки ахиран раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ худро ҳамчун нафаре муаррифӣ кард, ки манфиатҳои миллиро аз манфиатҳои гурӯҳӣ авлотар медонад.
Номбурдаро муяссар гашт, ки тавассути иқдомоти дурандешонаи сиёсӣ дар давраи интихобот аз як ҷониб манфиатҳои умумимиллиро бар ҳадафҳои ҳизбӣ-гурӯҳӣ боло гузорад ва аз тарафи дигар пайдо шудани рахнаро дар муносибатҳои ҳизбу давлат пешгирӣ кунад. Аммо касе пешгӯӣ карда наметавонад, ки ин гашти қавии Муҳиддин Кабирӣ дар майдони бозиҳои сиёсӣ, то кадом давра ҳизби наҳзатро ҳимоя менамояд. Барои ҳеҷ кас дигар пӯшида нест, ки вақтҳои охир дар дохили ҲНИТ неручаи тозае сар баровардааст, ки шартан онро метавон дастаи «ҳайитчиёни наҳзат» унвон кард”.
Дар идома дар танқиди ин “неруча” навиштаанд: “Теъдоди онҳо он қадар зиёд набошад ҳам, бо афкору ақидаҳои «ҳизбуллоҳ»-ии худ ҳамеша пофишорӣ мекунанд, ки ҲНИТ дар тасмимгириҳои хеш аз эҳтиёту таҳаммулгароӣ даст кашад. Онҳо ҳатто агар тухми мурғашон дертар барояд, шикваро аз кадом як протоколи сохтаи 32/20 оғоз мекунанд (рушди техникии муосир имкон медиҳад, ки ҳатто донишҷӯи сатҳи миёна рӯзе даҳҳо чунин протоколу санадҳои тақаллубиро сохта дар шабакаи Интернет паҳн кунад).
Ғайр аз ин, агар чунин протоколе ҳам бошад, ҳаққу вазифаи давлат аст, ки чунин корҳоеро барои таъмини амнияти мардум ва сохти конститутсионӣ пешбинӣ намояд. Иттиҳоди Шӯравӣ бо пиёдасозии чунин нақшаҳо шашяки рӯйи Заминро зери нуфузи худ гирифта буд”.
Манзур аз ин “неруча” Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ аст.
Ин мақола баъд аз он нашр мешавад, ки чанд рӯз қабл Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо пахши як изҳорот аз даъвати мухолифини Ҳукумат дар хориҷ ба тазоҳурот интиқод карда, онро маҳкум намуда буд.
Дар мақолаи “Ҷумҳурият” ҳарфи аслӣ дар бораи баёнияи ин ҳизб вобаста ба интихоботи президентӣ меравад, ки 14-уми сентябри соли 2013 пахш шудааст.
http://www.tojnews.org/jumhuriyat-ba-tavri-besobiqa-az-kabiri-sitoish-kard