Талаби 9 соли зиндон ба 2 рӯзноманигори тоҷик

Аброри Зоҳир, сардори Идораи фурӯши китоб ва матбуоти даврӣ, дар аризаи даъвогияш аз Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ талаб кардааст, ки нисбат ба шоир Исфандиёри Назар – рӯзноманигори “Имрӯз Нюз” ва Назири Нусрат – сармуҳаррири ин газета дар асоси моддаи 316, қисми 1 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ва моддаи 345, қисми 3 (Монеъ шудан ба татбиқи адолати судӣ, таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтишоти пешакӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз кунад.

Дар ин бора Назири Нусрат, сармуҳаррири “Имрӯз Нюз” дар Фейсбук хабар дода, менависад, ки “даъво аҷиб аст. Суди иқтисодӣ ва дигар марҳилаҳои суди кайҳо корро ба манфиати ҷониби дигари бахс – роҳбари «Олами китоб» Абдуллоева Ш. ҳал кардаанд. Аз ҷониби дигар, қаблан бо ҳамин мазмун ба Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз ҷониби Имомов А.З. (Аброри Зоҳир) аризаи шикоятӣ ворид гардидаву бо сабаби набудани далел баргардонида шудааст”.

Назири Нусрат изҳори тааҷҷуб кардааст, ки «намедонам, Аброри Зоҳир ва адвокати ӯ, ки мутаассифона, аз ҷумлаи ҳамқаламон ва кормандони собиқамон аст, даъвои худро бо чӣ асбобу чӣ меъёре баркашидаанд, аммо медонам, ки бемантиқтар аз ин даъво (баъд аз даъвои Рустам Ҳукумов) надидаам».

— Дар зимни даъвои Аброри Зоҳир ман ва Исфандиёр барои навиштани мақола (ки аслан, вазифаи касбиямон аст) бояд то ҳадди 9 солӣ ҳар кадом аз озодӣ маҳрум карда шавем. Ҳадди камтарин ин аст, ки мо бояд 10000 сомонӣ ҷарима баста шуда, 3 сол аз фаъолияти журналистӣ маҳрум карда шавем, — навиштааст Назири Нусрат.

Рӯзи гузашта Исфандиёри Назар дар ин маврид гуфта буд, даъвои Аброри Зоҳир ба мақолаи «Даъво доранд: «Олами китоб» ҳабс карда шавад», ки моҳи июли соли равон дар газетаи “Имрӯз Нюз” чоп шудааст, рабт дорад. Дар ин мақола, ки бо имзои мустаор ба нашр расидааст, дар мавриди толори фурӯши китоби “Олами китоб” дар ошёнаи якуми бинои “Пойтахт-80” сухан меравад.

Ба иддаои Аброри Зоҳир, дар ин мақола тӯҳмат ҷой дорад ва муаллифон зимни иншои мақола ба таври пинҳонӣ ба суд фишор овардаанд.

Прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аллакай Исфандиёри Назар ва Назири Нусратро барои бозпурсӣ даъват кардааст.

Шамсулло Фозилов

http://faraj.tj/news/6489-talabi-9-soli-zindon-ba-2-r1263znomanigori-to1207ik.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *