Бархе аз муштариёни ширкати мобилии “Билайн” мегӯянд, тайи чанд ҳафта аст, ба бахши тоҷикии торнамои “Озодагон” дастрасӣ надоранд. Ин дар ҳолест, ки пас аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли 2013 то кунун тавассути хизматрасонии ин ширкат вуруд ба бахши русии хабаргузорӣ номумкин буд.
Як масъули ширкати “Билайн”, ки номашро ифшо накард, дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” масдудияти бахши тоҷикии сомонаро таъйид карда, гуфт, ҳоло ҳеч муштарии онҳо ба ин торнамо дастрасӣ надорад, “шояд министерство связи маҳкам карда бошад”. Аммо ӯ, аз шарҳи бештар худдорӣ карда изҳор дошт, беҳтар аст бо бахши равобити оммаи ширкат тамос бигирем. Мария Веторази, масъули бахши равобити оммаи “Билайн” ваъда кард, давоми панҷ дақиқаи наздик худаш бо “Озодагон” тамос гирифта, мавзӯъро шарҳ медиҳад, аммо бо гузашти як соат занг назад ва ҳам ба телефонҳои мо ҷавоб нагуфт.
Бархе муштариёни “Билайн” мегӯянд, аснои ворид шудан ба торнамои “Озодагон” эълонеро аз номи ширкат мехонанд, ки дар он гуфта шудааст, “дар маҳдудияти торнамо ширкат айбдор нест, балки худи сомона мушкили фаннӣ дорад”.
Дастнорас шудани бахши тоҷикии торнамои “Озодагон” дар ҳолест, ки як рӯз қабл аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон, ки шашуми ноябри соли 2013 сурат пазируфт, бархе аз ширкатҳои мухобиротӣ бо шумули “Билайн” дастрасӣ ба бахшҳои тоҷикӣ ва русии хабаргузориро маҳдуд карданд. Бо гузашти чанд вақт бахши тоҷикии сомона дубора дастрас шуд, аммо бахши русӣ ҳамчунон масдуд боқӣ монд.
http://www.ozodagon.com/18115-bilayn-guft-sayti-ozodagon-ro-ministerstvo-svyazi-bastaast.html