Сомонаи иттилоотии Pressa.tj тағйири шакл карда, забони тоҷикӣ ба қисмати аввал ва забони русӣ ба қисмати дуюм гузашт.
Тавре дастандаркорони сомона иттилоъ доданд, тағйири шакл дар Pressa.tj ба муносибати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар доираи баргузории ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай сурат гирифтааст.
Дар сомона хабарҳои муҳими рӯз, суҳбат бо чеҳраҳои шинохтаи дохил ва хориҷи Тоҷикистон, гузоришҳо, матолиби ҷолиб дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, дин ва ҷомеа, муҳоҷират, маориф, фарҳанг, адабиёт, илм, ҷиноят ва ҷазо, тиб, варзиш, оила ва шоу-бизнес гирд оварда шудаанд.
Ҳар касе, ки дар муҳокимаи мавзӯъҳои муҳим ва доғи рӯз иштирок ва ё матлабе навиштан мехоҳад, Pressa.tj шароити мусоид фароҳам овардааст.
http://faraj.tj/news/6433-pressatj-ta1171yiri-shakl-kard.html