Аммо Орзу Исоев мегӯяд, ки ҳеҷ кори хатое накардааст, танҳо манфиати ҷомеаро ҳимоя менамуд.
17 сентябри соли ҷорӣ аризаи шикоятии ширкати «Квестнет» ба Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба дасти хабарнигори Faraj.tj расид. Аз аризаи шикоятӣ бармеояд, ки ширкати «Квестнет» аз болои «Радиои Имрӯз» ва Орзу Исоев – журналисти собиқи он ва муҳаррири барномаи «Баҳси Имрӯз», ба суд муроҷиат карда, онҳоро ба он муттаҳам намудааст, ки гӯё «Радиои Имрӯз» ва ровии он Орзу Исоев ин ширкат ва аъзоёни онро таҳқир карда, шаъну шарафи онҳоро паст задаанд.
Намояндагони «Квестнет» даъво доранд, ки ҳамаи фаъолияти онҳо дар доираи қонун сурат мегирад ва онҳоро журналист ва радио беасос тӯҳмат кардаанд.
Ҳамакнун, ширкати «Квестнет» ба суд муроҷиат карда, талаб дорад, ки Орзу Исоев аз намояндагони ин ширкат расман узр пурсад ва раддия интишор намояд.
Ҷовид Ғуломмуҳиддинов, яке аз намояндагони ширкати «Квестнет», дар сӯҳбат бо Faraj.tj ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки «воқеан Орзу Исоевро ба додгоҳ кашидаанд».
Ҷ. Ғуломмуҳиддинов дақиқ нагуфт, ки маҳз барои кадом суханон журналист ва радиоро ба додгоҳ кашидаанд, танҳо иброз дошт, ки ҳамаи далелҳоро ба суд пешкаш кардаанд.
http://faraj.tj/news/6452-kvestnet-orzu-isoev-va-radioi-imr1263z-ro-ba-sud-dod.html