11 сентябри соли 2014 дар барномаи мустақими ҳуқуқии «Инсон ва қонун» тариқи эфири телевизиони «Пойтахт» машварати ҳуқуқӣ барои бинандагон дар мавзӯи «Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад» гузаронида шуд.
Дар оғоз ёрдамчии прокурори ноҳияи Сино Абдуназар Саидов, адвокати маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи И. Сомонии Раёсати мушовараи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Зоҳидова ва ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии журналистон ва ВАО-и шаҳри Душанбе Зулфиддин Муъминҷонов дар бораи мавзӯи интихобшуда андешаҳои худро кӯтоҳ баён намуданд. Сипас ба саволҳое, ки тариқи телефон ва почтаи электронӣ вобаста ба мавзӯъ ва берун аз он ба барнома ворид шуданд, иштирокчиёни барномаи мустақими телевизионӣ ҷавоб гуфтанд.
Фишурдаи саволу ҷавобҳо:
1. Собир Алихонов журналисти мустақил аз шаҳри Душанбе.
Савол: Агар дар назди қонун ва суд ҳама баробар бошанд, пас суд ҳукуқу манфиати киро ҳимоя мекунад?
Ҷавоб: Мувофиқи талаботи қисми 1-и моддаи 84 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
2. Зарринаи Ҳотам рӯзноманигор аз ноҳияи Ҳисор.
Савол: Дар интернет озодии сухан гуфта ҳар хел суханони таъқиромезро бо номи дигар чоп мекунанд. Маълум нест, ки онро кӣ навиштааст. Ё чунин тарзи баён озодии сухан аст?
Ҷавоб: Озодии сухан ҳуқуқи ҳар як инсон аст, аммо шахс ҳуқуқ надорад, ки шахси дигарро тавассути интернет таҳқир кунад. Аз рӯи талаботи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон: паст задании шаъну шараф ва этибори шахс бо алфози қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез ва аксу тасвирҳои номуносиб, ҳамчунин туҳмат ва ситоиши нобарҷо хилофи одоби касбии журналист аст. Инчунин мувофиқи талаботи моддаи 30 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат дода шудааст. Аммо таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.
3.Ҷамшед Мирзоев донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Савол: Адолати судиро кадом ташкилот амалӣ мекунад?
Ҷавоб: Аз рӯи талаботи қисми 2-и моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.
4. Ойша Ҳалимова корманди нашриёт аз шаҳри Душанбе.
Савол: Шаҳрванди хориҷии дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарда чи хел ҳуқуқҳо дорад?
Ҷавоб: Аз рӯи талаботи қисми 2-и моддаи 16 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванди дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарда аз ҳуқуқ ва озодиҳои дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълоншуда истифода ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.
5. Зафари Ҷовид корманди радиои хусусӣ.
Савол: Барои чӣ баъзе мансабдорон қонунро риоя намекунанд, вале ба ҷазо кашида намешаванд?
Ҷавоб: Мувофиқи талаботи қисми 2-и моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. Дар моддаи 17 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Аз ин рӯ вақте ки шахси мансабдор қонунро риоя накунад, ӯ ҳатман дер ё зуд ба ҷазо кашида мешавад.