Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо гилагузорӣ аз кунҷковии рӯзноманигорону сарлавҳаҳои ҳангомаангези расонаҳои хабарии кишвар гуфт, ки чунин амалкард дар воситаҳои ахбори омма хилофи этикаи журналистӣ аст.
Кабирӣ бо зикри ин нукта дар сӯҳбат бо Faraj.tj афзуд:
— Албатта, кунҷкобии рӯзноманигор қабул аст, вале гузоштани сарлавҳаҳое чун «Гурехтани Кабирӣ ба Туркия», «Кабирӣ дар Русия бо кӣ истироҳат кард?», «Кабирӣ бо кӣ «дам» гирифт?» ва монанди ин симои шахсро дар назари хонанда ва ҷомеа манфӣ инъикос месозанд, ки ба фикрам, чандон хуб нест.
Аз ҷониби дигар, мегӯяд Кабирӣ, “агар далели овардаи муаллифон бо факту далел бошад”, вай ба ин эътирозе надорад, вале аламовараш он аст, ки “воқеа дар асл дигар асту дар бозтоби расонаҳо ба куллӣ баръакс ва манфӣ” инъикос ёфта.
— Дар посух ба мақолаи “Кабирӣ дар Русия бо кӣ «дам » гирифт?” гуфтаниям, ки ман бо ҳамроҳии ҳамсару писари бузургам дар Русия табобат гирифтем ва шукри Худо сиҳату саломат ба Ватан баргаштем, — таъкид кард раиси ҲНИТ.
Кабирӣ дар охир илова кард, ки ҳарчанд сарлавҳаи мақолаи мазкур хеле «маънидорона» гузошта шуда бошад ҳам, вале ба мазмуни мавод мувофиқ нест:
— Зеро мазмуни мақола тамоман чизи дигар асту ягон ишорае ба истироҳати ман нест.
http://faraj.tj/news/6305-gilavu-erodi-kabir1251-az-zhurnaliston.html