28 августи соли 2014 аз соати 20.00 то соати 21.00 дар барномаи мустақими ҳуқуқии «Инсон ва қонун» тариқи эфири Телевизиони «Пойтахт» машварати ҳуқуқӣ барои бинандагони шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат, ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Варзоб, Ёвон ва Файзобод дар мавзӯи «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд» гузаронида шуд.
Дар оғоз муовини раиси Суди ноҳияи Фирдавсӣ Сурайё Ҷобирова, муовини якуми прокурори ноҳияи И. Сомонӣ Фатҳиддин Зуҳуров ва ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии журналистон ва ВАО-и шаҳри Душанбе Зулфиддин Муъминҷонов дар бораи мавзӯи интихобшуда андешаҳои худро кӯтоҳ баён намуданд. Сипас ба саволҳое, ки тариқи телефон ва почтаи электронӣ вобаста ба мавзӯъ ва берун аз он ба студия ворид мешуданд, иштирокчиёни барномаи мустақими телевизионӣ ҷавоб гуфтанд.
Фишурдаи саволу ҷавобҳо
1. Кабиров Валихон, сокини шаҳри Душанбе.
Савол: Дар кадом вақт ҳуқуқу озодиҳои шахс маҳдуд карда мешаванд?
Ҷавоб: Мувофиқи талаботи қисми 3-и моддаи 14-и Сарқонуни Тоҷикистон маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади тамини ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурии Тоҷикистон раво дониста мешавад.
2. Ёрматова Гуландом донишҷӯи шӯъбаи рӯзноманигории Донишкадаи давлатии санъат ба номи Мирзо Турсунзода.
Савол: Озодиҳои инсон чи хел амалӣ карда мешаванд?
Ҷавоб: Аз рӯи талаботи қисми 2-и моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
3. Тоҳиров Қудрат, журналисти мустақил, шаҳри Ваҳдат.
Савол: Озодии сухан ҳуқуқи ҳар як шахс аст. Пас чаро сухани озодона гуфтаи онро дар матбуот чоп намекунанд?
Ҷавоб: Озодии сухан ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд аст, аммо озодии сухан гуфта шахс ҳуқуқ надорад, ки чизе хоҳад гӯяду онро дар воситаҳои ахбори омма чоп кунанд. Мувофиқи талаботи моддаи 30-и Сарқонуни Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат дода шудааст. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст.
4. Улфатшоева Саломат, рӯзноманигор аз ш. Душанбе.
Савол: Агар қонунҳои қабулшудаи Тоҷикистон бо қонунҳои байналхалқие, ки онро Тоҷикистон эътироф кардааст мутобиқат накунанд, кадоме аз ин қонунҳоро риоя бояд кунем?
Ҷавоб: Аз рӯи талаботи қисми 3-и моддаи 10-и Конститутсияи Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
Зулфиддин Мӯъминҷонов,
ҳуқуқшинос.