“Айбдор” шудани Орзу Исоев ва тавсияи Шӯро ба Радиои “Имрӯз”

Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон Орзу Исоев, муаллифи барномаи Баҳси Имрӯз дар Радиои Имрӯзро, ба нақзи муқаррароти чаҳор банди Меъёри ахлоқии журналист “айбдор” кардааст. Масъулони ин Шӯро мегӯянд, агарчӣ Орзу Исоев аз кор дар “Имрӯз” канор рафтааст, аммо онҳо бо ирсоли номае ба роҳбарияти Радиои Имрӯз машварат додаанд, ки хабарнигоронашон ҳангоми таҳияи матолиб ба эҳсосот дода нашаванд. 
Тавсияи Шӯрои ВАО дар пайи шикояти Сайидҳомид Маҳмудов, раҳбари ширкати “Квестнет” дар Тоҷикистон, аз болои Орзу Исоев навишта шудааст. Қироншоҳи Шарифзода, раҳбари Шӯрои ВАО мегӯяд, ба далели он ки маводи барномаи “Баҳси Имрӯз” ҳаҷман хеле калон буд, ҷаласаи онҳо ду бор — 18 июл ва 15 августи соли ҷорӣ баргузор шудааст.

Оқои Шарифзода мегӯяд, инчунин, ба намояндагии ширкати “Квестнет” маслиҳат додаанд, ки “дар ҳолати ба нишастҳои матбуотӣ ва ё барномаҳои радиову телевизионӣ даъват шудан аз ҷониби ин ё он ВАО, иштироки намояндагони масъулашро таъмин намояд”.

Дар охир аз роҳбарону кормандони расонаҳо хоста шудааст, “ба хотири таъмини озодии сухан дар фаъолияти ҳамарӯза принсипҳои бунёдии журналистикаро риоя намуда, дар ин замина ба халалдор шудани «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» роҳ надиҳанд”.

http://www.ozodagon.com/17729-aybdor-shudani-orzu-isoev-va-tavsiyai-shro-ba-radioi-imrz.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *