Қамари Аҳрор, хабарнигори Ожонси иттилоотии ТоjNews аз ҷониби кормандони Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ҳангоми иҷрои вазифаи касбии журналистӣ, ғайриқонунӣ барои се соат боздошт ва мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтааст.
Бино ба гуфтаи хабарнигор Қамари Аҳрор (Амаков), нимаи дуюми рӯзи 6-уми август, ӯ дар ҷараёни инъикоси Мусобиқаи байналмилалии бокс, барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоил Ҳамзаалиев, қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, аз толори мусобиқа боздошт шудааст.
Сабабии асосии ин бозпурсии 3-соатаро кормандони мақомоти шаҳри Хуҷанд шарҳ надодаанд. Хабарнигор мегӯяд, ӯро замоне боздошт кардаанд, ки вай ҳангоми қувваозмоии Мавзуна Чориева, варзишгардухтари тоҷик бо ҳамтои ӯзбекистониааш рафти мусобақаро аз наздик ба навор мегирифтааст.
Яке аз ормандони милиса аз ӯ хостааст, то наворгириро қатъ кунад. Баъди пешниҳоди ҳуҷҷати хабарнигорӣ ва фаҳмондани ҳолат, ки ӯ вазифаи касбии худро анҷом медиҳад, Зафар Суфиев, муовини Сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ хабарнигорро ба наздаш хонда, гуфтааст: “Навори шумо ба ҳеч кас даркор нест!”.
Баъд Зафар Суфиев амр кардааст, ки журналистро ба ШКД бурда, аз ӯ баёнат гиранд. Бино ба гуфтаи хабарнигор Қамари Аҳрор, нисбати ӯ муносибати дағалона карда, гуфтаанд, ки ӯ бо иттиҳоми ба амру талаботи кормандони ВКД гӯш надодан аз дохили толори мусобиқа боздошт шудааст. Ӯро дар муддати се соат дар утоқи торик, ки чароғ надоштааст, нигоҳ дошта аз ӯ баёнот гирифтаанд.
Ин амали Зафар Суфиев хилофи талаботи моддаи Моддаи 162 –и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон» аст. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, талаботи ин қонунро нодида гирифта, бо журналист ҳамчун ба шахси ҷинояткор муносибат карда, ҳуқуқҳои касбӣ ва шаҳрвандии ӯро поймол намудаанд.
Ожонси иттилоотии TojNews ин рафтори кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Хуҷандро ғайриқонунӣ ва монеъ шудан ба фаъолияти журналистӣ арзёбӣ намуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ расман бо талаби шарҳи расмӣ ва чораандешии ҳатмӣ, дар доираи қонунгузории кишвар муроҷиат мекунад.
Ҳамчунин роҳбарияти Ҳукумати вилояти Суғд, масъули баргузории ин чорабинӣ, ки мебоист рӯйхати хабарнигорони даъватшударо бо кормандони ШКД дастрас мекард, қазияро то ҳол шарҳ надодааст.
http://taj.nansmit.tj/wp-admin/post-new.php