ДАР ТВ «ПОЙТАХТ» ҲУҚУҚ БА РАДДИЯ ВА ҶАВОБРО ТАФСИР ДОДАНД

17 июли соли 2014 ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии журналистон ва воситаҳои ахбори оммаи шаҳри Душанбе аз соати 20.00 то соати 21.00 тариқи барномаи ҳуқуқии «Инсон ва қонун»-и Телевизиони «Пойтахт» дар мавзӯи «Ҳуқуқ ба ҷавоб ва раддия» мустақиман машварати ҳуқуқии телевизионӣ барпо намуд.

Тўли 1 соат муовини прокурори ноҳияи И. Сомонӣ Мутеилло Раҷабзода, судяи Суди шаҳри Душанбе Машкура Содирова, роҳбари Хадамоти мониторинги Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Воҳидов ва ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии воситаҳои ахбори омма ва журналистони шаҳри Душанбе Зулфиддин Муъминҷонов вобаста ба мавзӯъи мазкур ба саволњои тамошобинони телевизион посух гуфтанд.

Мухтасари сўњбати мазкурро ба хонанда пешнињод менамоем.

Фарида Ёрова- рӯзноманигор, сокини шаҳри Душанбе:

Савол: Нисбати корхонае мақолаи танқидӣ нашр кардам. Роҳбари ин корхона раддия навишта маҷбур карда истодааст, ки ман ба тарзи хаттӣ узр пурсам. Аммо ман ба ҳаққонияти танқидам боварӣ дорам ва узр пурсиданӣ нестам. Агар ин баҳс ба суд равад, кӣ ҳақ мебарояд?

Мутеилло Раҷабзода – муовини прокурори ноҳияи И. Сомонӣ:

Ҷавоб: Пеш аз ҳама мафҳуми раддияро мефаҳмонам. Мувофиқи сархати 1 моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқие, ки воситаи ахбори омма дар хусуси ӯ маълумоти бардуруғ ва ё маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ё эътибори кориашро паҳн намудааст, ҳуқуқ дорад аз редаксияи он нашрия радия талаб намояд.

Мувофиқи талаботи сархати 2 моддаи 19 қонунуни мазкур агар редаксияи воситаи ахбори омма дар бораи дуруст ва ба ҳиқиқат мувофиқ будани маълумоти паҳннамудааш далел надошта бошад, вазифадор аст, ки дар худи ҳамон воситаи ахбори омма раддияро нашр намояд. Агар шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ матни раддияи худро пешниҳод карда бошад, дар мавриди ба талаботи қонунгузорӣ мувофиқ будани он, раддия дар воситаи ахбори омма нашр карда мешавад.

Аз рӯи талаботи сархати 3 моддаи 19 қонуни зикршуда раддия ё ҷавоб бояд дар бахши махсус ва ё дар ҳамон саҳифа, бо ҳамон ҳуруфе чоп шавад, ки маълумоти радшаванда ба табъ расида буд. Ҳаҷми матни раддия набояд аз ҳаҷми маълумоти радшаванда зиёд бошад.

Идораи нашрия метавонад мувофиқ ба талаботи моддаи 20 ҳамин қонун дар мавридҳои зерин нашр намудани раддияро рад намояд:

— агар дар матни раддия суиистифода аз озодии сухан сурат гирифта бошад;

— агар раддия мухолифи қарори ба қувваи қонунӣ даромадаи суд бошад;

— агар раддия бе зикри насаб, ном, номи падар ва бе имзо бошад.

Машкура Содирова – судяи Суди шаҳри Душанбе:

Ҷавоб: Мувофиқи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» дар сурати аз тарафи воситаи ахбори омма рад кардани нашри раддия ва ё риоя накардани мўҳлати барои нашри чунин мавод муқарраршуда, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад дар муддати то як соли баъди нашри мақола ба суд муроҷиат намояд.

Абдуфаттоҳ Воҳидов – роҳбари Хадамоти мониторинги Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон:

Ҷавоб: Журналисте, ки дар асоси факту рақам мақолаи танқидӣ навишта, ба дуруст будани маълумоти паҳнкардааш боварӣ дошта бошад, набояд узр пурсад. Раддия танҳо дар ҳолати нодуруст ва воқеӣ набудани маълумоти пањнкардаи ВАО навишта мешавад.

Зулфиддин Мўъминҷонов – ҳукуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии журналистон ва воситаҳои ахбори оммаи шаҳри Душанбе:

Ҷавоб: Роҳбари корхонаи танқидшуда ҳуқуқи маљбур кардани журналист барои ба таври хаттӣ узр пурсидан надорад. Илова ба гуфтаҳои боло мувофиқи талаботи сархати 3 моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст». Дар мисоли боло таъқиб барои танқид ба назар мерасад. Барои чунин кирдор роҳбари корхона ба ҷазо кашида мешавад. Агар баҳс то суд равад, журналист албатта ҳақ хоҳад баромад, чунки қонун тарафдори  ӯст.

Аъзам Содиқов аз шаҳри Душанбе ва Карим Назаров аз ноҳияи Рӯдакӣ:

Савол: Вақте ки ба воситаи телевизион  корхонаеро танқид мекунанд, ба он ҷавоб надода, камбудињо ислоҳ нашуда мемонанд. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?

Мутеилло Раҷабзода – муовини прокурори ноҳияи И. Сомонӣ:

Ҷавоб: Мувофиқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба мақолаҳои таҳлилӣ ва танқидии воситаҳои ахбори омма» роҳбари корхонае, ки дар воситаҳои ахбори омма танқид шудааст, вазифадор аст, ки камбудии танқидшударо зуд ислоҳ намуда, ба идораи воситаи ахбори омма ҷавоб нависад. Дар ҳолати риоя накардани ин фармон воситаи ахбори омма барои ҳалли ин масъала метавонад ба сохтори болоии ин корхона муроҷиат намояд.

Машкура Содирова – судяи Суди шаҳри Душанбе:

Ҷавоб: Дар ҳолате, ки сохтори болоии ин корхона низ ба танқид аҳамият надод, воситаи ахбори омма барои чораҷӯи метавонад ба суд муроҷиат намояд. Суд ин масъалавро мувофиқ ба талаботи қонун ҳал хоҳад намуд.

Абдуфаттоҳ Воҳидов – роҳбари Хадамоти Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон:

Ҷавоб: Ман гумон мекунам, ки ин масъала то суд бояд ҳалли худро ёбад. Сохтори болоии ин корхона ҳатман роҳбари он корхонаро маҷбур мекунад, ки камбудиро ислоҳ карда ба идораи ВАО ҷавоб нависад.

Зулфиддин Муъминҷонов – ҳукуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии журналистон ва воситаҳои ахбори оммаи шаҳри Душанбе:

Ҷавоб: Воситаи ахбори омма минбар аст. Дар ҳолати ба маводи танқидӣ ҷавоб нагуфтани роҳбари корхона ва ислоҳ накардани камбудии мавҷуда воситаи ахбори омма метавонад ин маводро чандин маротиба чоп ва ё тариқи телевизион такроран нишон дода, ҷавоб нагуфтани роҳбари ин корхонаро таъкид намояд. Ин боиси ба миён омадани афкори умум мегардад. Роҳбари он корхона маҷбур мегардад, ки камбудиро ислоҳ карда, ҷавоб нависад.

Дилёбов Абусаид- ронандаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Савол: Ман тибќи шартнома кор мекунам. Оё барои гирифтани собиќаи корӣ ҳуқуқ дорам?

Мутеилло Раҷабзода – муовини прокурори ноҳияи И. Сомонӣ:

Ҷавоб: Аз рӯи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шаҳрванде, ки аз рӯи шартномаи меҳнатӣ кор мекунад, ҳуқуқи гирифтани собиқаи корӣ дорад. Ба истиснои ҳолатҳое, ки худи шаҳрванд ҳангоми бастани шартномаи тарафайн бо корхона розӣ мешавад, ки бе ҳуқуқи гирифтани собиқаи корӣ фаъолият мекунад.

Машкура Содирова – судяи Суди шаҳри Душанбе:

Ҷавоб: Шартномаи меҳнатии ин шаҳрвандро дидан лозим. Хилофи Кодекси меҳнатӣ шартнома бастан мумкин нест.

Абдуфаттоҳ Воҳидов – роҳбари Хадамоти мониторинги Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон:

Ҷавоб: Дар ҳар як корхона ҳуқуқшинос фаъолият мекунад. Ин шаҳрванд пеш аз ҳама ба ҳуқуқшиноси ҳамон корхона бояд муроҷиат намояд.

Зулфиддин Муъминҷонов – ҳукуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии журналистон ва воситаҳои ахбори оммаи шаҳри Душанбе:

Ҷавоб: Аксар шаҳрвандон ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ бо шартҳои он шинос нашуда имзо мекунанд. Як нусхаашро талаб карда намегиранд. Дар натиҷа ҳуқуқҳои меҳнатии онҳо аз тарафи роҳбарони ин корхона поймол карда мешаванд. Дар ҳолати пешниҳодшуда чи хеле ки талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, ин ронанда ҳуқуқи гирифтани собиқаи кориро дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *