Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар дар ҳамкорӣ бо намояндагии доимии Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон (СММ), миёни журналистони тоҷик озмун эълон кард.
Озмун дар мавзӯи «Раванди татбиқи Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» бахшида шудааст.
Хабар дода мешавад, ки дар озмун хабарнигорони телевизион, радио, рӯзномаю маҷалла ва сомонаҳои иттилоотӣ ҳуқуқи иштирок карданро доранд.
Маводҳои ба озмун пешниҳодшаванда бояд ҷараёни амалишавии “Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистонро барои солҳои 2013-2015”бо назардошти матрисаи тадбирҳои стратегӣ ва дар ин давра татбиқ гардидани лоиҳаҳоро инъикос намоянд.
Дар озмун ба маводҳое, ки муҳтавои таҳлилӣ доранд, афзалият дода шуда, бояд мавод бо забонҳои тоҷикию русӣ таҳия ва пешниҳод шаванд.
Барои беҳтарин мақола дар рӯзнома се ҷоиза: 200 $, 150 $ ва 100 $, барои беҳтарин барномаи радиоӣ: 170 $, 140 $ ва 100 $, барои беҳтарин барномаи телевизионӣ: 250 $, 150 $ ва 100 $ ва ба ғолибони беҳтарин маводи интернетӣ бошад 100 $, 80 $ ва 70 $ мукофотпулӣ муқаррар гардидааст.
Озмун то 30-юми сентябри соли 2014 идома ёфта, бояд маводҳои пешниҳодшаванда тавассути радиою телевизион пахш ва дар матбуоти даврӣ нашр гардида бошанд.
Барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бояд ба озмун дар се диск (формати mp3 ва DVD) ва мақолаҳои дар матбуот чоп гардида бо се нусхаи рӯзнома ва маводҳое, ки дар сомонаҳои иттилоот нашр шудаанд, бо се нусхаи акси саҳифа пешниҳод карда шаванд.
http://matrix-tv.tj/ozmuni-smm-va-vazorat-baroi-zhurnalistoni-tojik/