Зарифҷон Аҳмедов, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар конфронси минтақавии «Ҳамкории мутақобила бо ВАО дар мубориза бо терроризм дар Осиёи Марказӣ» дар Бишкек васоити ахбори умумро ба ҳамкорӣ бо хадамоти махсус дар мубориза бо киберҷиноят даъват кард.
«Ҳарчанд ҷараёни кор ва роҳҳои амалисозии он мушкил бошанд ҳам, дар баргузории тафтишоти журналистӣ дар мавзӯи киберҷиноят журналистон метавонанд бо мақомоти давлатии амният ҳамкорӣ дошта бошанд», — иброз дошт ӯ.
Ба қавли вай, натиҷаҳои тафтишоти журналистиро метавон дар ВАО интишор намуд, ки ин як муқовимат ба ин падида хоҳад буд. «Ҳама гуна мақомоти давлатӣ манфиатдоранд, ки дар баробари давлат мубориза бо ин тамоил ҳам аз ҷониби ВАО ва ҳам созмонҳои ғайриҳукуматӣ сурат бигирад, вале албатта, бояд амнияти журналист ба инобат гирифта шавад ва ӯ метавонад зери номи мустаор (тахаллус) мавод ба чоп расонад», — гуфт ӯ.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон дар ин робита изҳори умедворӣ намуд, ки «пас аз ин конфронс КДАМ ба таҳияи стратегияи ҳамкории мутақобила бо ВАО оғоз мекунад».
«Ин андеша имрӯз аз ҷониби намояндаи КДАМ баён гардида, ӯ даъват кард, ки журналистон ба инъикоси мавзӯи муборизабо киберҷиноятҳо машғул шуда, тафтишҳо гузаронанд ва онҳо ба муосидату ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак дар ин самт бо рӯзноманигорон омодаанд», — гуфт Қаршибоев дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс».
http://news.tj/tj/news/kdam-ikiston-zhurnalistonro-ba-amkor-davat-mekunad