Бори аввал дидам, ки як хабаргузорӣ қабл аз оне, ки хабарнигорашро ба як кишвари даргири ҷанг равон кунад, ӯро барои на кам аз панҷ моҳ ба даври омӯзишӣ ҷалбмекунад.
Ин хабаргузориест, ки бо 7 забон дар як рӯз 1, 800 хабар, 300 гузориши видеоӣ ва бештар аз 2 ҳазор сурат нашр мекунад. Албатта, маълум аст, ки мо дар бораи Тоҷикистон сӯҳбат намекунем ва ин кишвар Туркия ҳаст ва ин хабаргузорӣ Анадолу (AnadolyAgansi) ном дорад.
Шиносоӣ ба кори ин хабаргузорӣ дар ҳоле бароям муяссар шуд, ки иштирок дар барномаи TUMERдар шаҳри Туркия насибам гаштааст. AnadoluAjansi (AA), яъне оҷонсии Анадолу, яке аз маъруфтарин хабаргузориҳо дар шаҳри Анқара ба шумор меравад, ки 2600 корманди эҷодӣ дорад, яъне хабарнигороне кору фаъолият мекунанд, ки бевосита ба омода намудани хабару гузоришҳо машғуланд.
Ин хабаргузорӣ 150 расонаи дигаре дорад, ки бо такя ба ӯ матлаб нашр мекунад ва барои ин ҳеҷ маблағе талаб намекунад. 47 дарсади дастгирии молиявии ин хабаргузорӣ дар дасти ҳукумати феълии Туркия аст ва боқимондааш хусусӣ мебошад. Аммо ҳукумат танҳо тариқи маблағ ба ин Оҷонсӣ кӯмак мекунад, вале дар сиёсати корӣ ин Оҷонсӣ мустақил аст ва дар ҳама ҳолат ҳукуматро метавонад, шадидан интиқод кунад. Аммо баръакси кишвари мо боре мушоҳида нашудааст, ки ҳукумат ё мансабдоре талоши бастани онро карда бошад. Масъулини ин хабаргузорӣ ҳам ба мо нақл карданд, ки онҳо мехоҳанд, дар навиштан озод бошанд, ягон хел сензураро қабул надоранд.
Хабаргузорӣ дар бинои боҳашамате ҷой гирифтааст ва ба гуфтаи масъулонаш ҳоло аз рӯи фаврияти расонидани иттилоъ дар ҷаҳон дар ҷои 7-ум қарор дорад. Новобаста ба ин қадар пешрафташон онҳо аллакай пешгӯӣ мекунанд, ки то соли 2020 аз рӯи расонидани иттилоъ дар ҷаҳон дар ҷойи 3 – юмро хоҳанд гирифт. Ин ҳам дар ҳолест, ки хабаргузори «Ройтерз»- ро имрӯз барои худ ҳатто рақиб намеҳисобанд. Ба гуфтаи кормандони эҷодии AnadoluAjansi«Ройтерз»- як хабари худро худаш бо 30 забон тарҷума мекунад, вале оҷонсии AnadoluAjansi барои пахши ҳар як хабар хабарнигорони ҳирфаии худро дорад.
Хабарнигоре, ки мехоҳад ба минтақаи ҷангӣ сафар кунад, агар ӯ сертификати ин оҷонсиро надошта бошад, ба ӯ иҷозати сафар ба кишвар ҷангиро аслан намедиҳанд. Барои иштирок кардан дар ҷангҳо онҳо 4 моҳ курси кӯтоҳмуддат ва хеле ҷиддиро мегузаранд ва танҳо пас аз он метавонанд, вориди ин минтақа шаванд.
Дар Тоҷикистон бошад кормандони телевизонӣ «Сафина» дар як рӯз се бор бо рангу бори зиёди аз ҳад гузаронда, якбори либоси низомӣ мепӯшанду даъфаи дигар либоси тиббӣ ба бар мекунанд ва маротиба охирон бо мансабдорон дар ягон чойхона нишаста ба сайри гулу лола мераванд ва сурудхонӣ мекунанд, ки ин нишон аввал аз эҳтиром нагузоштан ба касби худ ва огоҳ набудан аз нозукиҳои журналистика мебошад.
Дар робита ба дастгири молиявии хабаргузорӣ аз ҷониби давлат қайд карданиам, ки агар ягон ширкати бонуфуз ё идораву вазорате, агар рӯзнома ва ё хабаргузориро каме дастгирӣ кунад, дигар иҷозат намедиҳанд, ки ин рӯзноманигорон аз фаъолияти ӯ интиқод кунанд. Ин шакли дастгирии молиявиро ман шахсан қабул надорам ва он ба манфиати ҳар ду ҷониб ҳам нахоҳад буд.
Ё вақте расидааст, ки мансабдорони мо ба хотири баланд шудани обрӯи ВАО- Тоҷикистон аз таърифу тавсифи худ мегузаранд, мисли мансабдорони Туркия? Фикр мекунам ҳоло ҳам дер нест ва мансабдоронамонро ба ин тарзи кор одат мекунонем. Ва умед дорам, ки иншоллоҳ кишвари мо низ пешрафта хоҳад шуд!
Ҷамила Мирбозхонова