Аслиябегим Саломатшоева, хабарнигори ҳафтаномаи “Минбари халқ” бар асари як садамаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Хоруғ ҳалок шудааст.
Дар ин садама, ки бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, 30-юми июл соати 15:30-дақиқа рух додааст, ҳамроҳ бо хабарнигори “Минбари халқ” Сиҷоҳиддин Низомиддинов як сокини шаҳри Хоруғ низ ба ҳалокат расид.
Аслиябегим Саломатшоева аз соли 2011 дар ҳафтаномаи “Минбари халқ” ба сифати хабарнигор фаъолият дошт.
Мавсуф 25-уми январи соли 1965 дар деҳаи Деҳрӯшони ноҳияи Рӯшони Бадахшон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.
Соли 1987 баъди хатми факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) фаъолияти кориашро аз кафедраи фалсафаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ оғоз кардааст. Солҳои 1989-90 дар мактаби миёнаи №12 шаҳри Душанбе омӯзгор буд.
Солҳои 1990-92 дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе, 1993-2009 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ва 2009-2010 дар Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон фаъолият дошт.
http://tojnews.tj/halokati-khabrnigoti-minbari-khalg-dar-sadama