Бахси судии хафтаномаи «Самак», бо даъвои Аскар Хаким, шоир ва собик раиси Иттифоки Нависандагони Тоҷикистон, ки муддати тӯлонӣ дар суди нохияи Фирдавсии шаҳри Душанбе идома дорад, дирӯз низ аз соати 11 таҳти баррасии судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ Азимова Махфират идома ёфт.
Тарафи даъвогарро химоятчии вай, узви коллегияи адвокатҳои шаҳри Душанбе Зайниддинов Фаррух Фатҳуллоевич намояндагӣ намуда, ба суд исбот кардан мехост, ки маҳз баъди чопи мақолаи «Зиёиёни бемушкили тоҷик», ки аз тарафи рӯзноманигор Шаҳбози Нур дар ҳафтаномаи «Самак» дар таърихи 27.03 2013 ба чоп расидааст ва бо дар нохунак гирифта шудани калимаи «зиёиён», Аскар Ҳаким худашро таҳқиршуда ҳисобидааст ва ин боиси авҷ гирифтани бемории ӯ гаштааст:
« Аскар Ҳаким пеш аз чопи ин мақола ҷарроҳии дил гузаронидааст ва баъди нашри мавод худашро нороҳат ҳис намуда, бемориаш авҷ гирифтааст».
Бояд гуфт, ки шоир дар баробари даъво барои паст задани шаъну шараф аз ҳафтаномаи «Самак» 150 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ талаб дорад.
Дар баробари аризаи даъвогии шоир, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Самак» Ҷасур Абдуллоев гуфт, ки хатоии дар мақола рафта, «сирф хатои техникӣ аст ва мо нисбати Аскар Ҳаким ҳеҷ гуна ғарази шахсӣ надорем ва он ки калимаи «зиёиён» дар нохунак гирифта шудааст, инро ягон хел таҳқиру тӯҳмат нисбати касе намешуморем ва ин андешаи шахсии ҳар як нафар аст, ки киро зиёӣ мешуморад, киро не. Хушбахтона, Сарқонуни кишвар озодии баёнро ба ҳар як шаҳрванди кишвар кафолат додааст.Мо пеш аз он ки шоир вокуниш нишон диҳад, дар шумораи навбатии ҳафтанома хатоии техникии худро фаҳмида, тасҳеҳ додем ва хоҳиш намудем, ки ба ҷои ибораи «Иттифоқи нависандагон» «Иттифоқи рассомон» хонда шавад» — мегӯяд Ҷасур Абдуллоев. «Гузашта аз ин, тибқи «Қонун дар бораи ВАО» мақолаи ҷавобии устодро ҳам дар шумораи баъдии ҳафтанома нашр намудем».
Аммо ҳимоятчии шоир тасҳеҳи «Самак»-ро хамчун «қарз» нисбати Аскар Ҳаким хонда, иброз намуд, ки сармуҳаррир бояд бевосита рафта аз худи шоир бахшиш мепурсид.
Дар навбати худ сармуҳаррири «Самак» Ҷасур Абдуллоев қайд намуд, ки тибқи «Қонун дар бораи ВАО» мо ҳамаи муқаррароти заруриро иҷро намудем».
Вобаста ба ин парванда намояндаи ҳуқуқии “Самак» Дилшоди Абдулмаҷид баромад намуда, ваҷҳҳои овардаи тарафи даъвогарро беасос хонда, аз суд хоҳиш намуд, ки қазияро мушикофона ва боадолатона баррасӣ карда, баҳои дурусти ҳуқукӣ диҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин баҳс худи Аскар Ҳаким ягон маротиба иштирок накардааст. Дар назар аст, дар мурофиаи оянда худи шоир бевосита ширкат варзад.
Шамсулло Фозилов, МТЖТ
http://faraj.tj/news/5503-samak-va-askar-1202akim-sud-idoma-dorad.html