Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи нави қонун «Дар бораи суди конститутсионии ҶТ» — ро баъди шунидани маърӯзаи раиси суди конститутсионӣ Маҳкам Маҳкамов қабул кард.
Қонуни ҶТ «Дар бораи суди конститутсионии ҶТ» аввалин бор соли 1995 қабул шуда буд ва то ин рӯз ба он 12 дафъа тағйироту иловаҳо ворид карда шуда буданд.
Раиси суди конститутсионӣ ба вакилони халқӣ ҳисобот додааст, ки лоиҳаи нави қонуни номбурдашуда бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла суди конститутсионии кишварҳои Аврупо, Арманистон ва Русия тайор карда шуда, дар муқоиса бо қонуни пештара чанд иловаву тағйироти нав дорад.
Аз ҷумла, тибқи лоиҳаи нави қонун «Дар бораи суди конститутсионии ҶТ» барои иттилооти бештар ёфтани омма, аввалин бор дар таҷрибаи суди Тоҷикистон истифода бурдани аксгирӣ ва сабтҳои видеоӣ иҷозат дода мешавад.
Илова бар ин, соле чор дафъа, дар ҳар семоҳа нашрия дар шакли ҳисоботи фаъолияти суди конститутсионии Тоҷикистон барои иттилои бештар ёфтан чоп мешавад.
Дар қонуни нав мӯҳлати дида баромадан ва рад кардани парвандаҳо низ мушаххас муайян карда шудааст.
Раиси суди конститутсионии ҶТ Маҳкам Маҳкамзода дар пеши вакилони халқӣ изҳор доштааст, ки «Қонуни мазкур дар таҳрири нав бо назардошти гузаронидани ислоҳот дар бахши судӣ тайор карда шудааст»
http://faraj.tj/news/5439-dasti-zhurnaliston-dar-sudhona1203o-boz-shud.html