Сарчашмаҳои давлатӣ дастнорасанд?

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) дар сомонаи худ гузорише пахш намуд. Дар он, АМВАОМТ дар мавриди дастрасии расонаҳои мастақил ба сарчашмаҳои хабарии давлатӣ изҳори нигаронӣ мекунад.

АМВАОМТ вобаста ба дастрасӣ ба иттилоот миёни расонаҳои мустақил мориторинг гузаронида, изҳор доштааст, ки бо вуҷуди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (№ 961 аз 19 марти соли 2013) ва ворид намудани механизми мукаммали дастрасӣ ба иттилоот, ҳамоно вазъи дастрасӣ ба иттилоот нигаронкунанда боқӣ мондааст.

Масъулони расонаҳои мустақил ҳангоми сӯҳбат бо намояндагони АМВАОМТ изҳор доштаанд, ки вазъи дастрасӣ ба иттилоот ҳамона бетағйир мондааст. Хилватшоҳи Маҳмуд, директори иҷроияи хабаргузории «Озодагон» дар сӯҳбат ба намояндаи АМВАОМТ гуфтааст:

Барои исботи гуфтаҳо ҳатто масъулони хабаргузориҳои мустақил чанд мисол бо факту далелҳо овардаанд, ки дастрасии ба иттилоот дар Тоҷикистон то ҳадде коста шудааст. Яъне дархосту мактубҳои расонаҳо бештар беҷавоб ва ё ба таъхир гузошта мешаванд.

Дар ин мониторинг аз миёни нашрияҳои мустақил танҳо ду нашрия -“СССР” ва “Миллат” гуфтаанд, ки ягон мушкилӣ оиди дастрасӣ ба иттилоот надоранд. Яъне ба гуфти онҳо дархостҳоро дар шакли дуруст таҳия намуда, дарҳол ба суолҳои худ ҷавоб мегиранд.

Вале намуна аз мориторинги гузаронидашуда дар ҷадвали зер нишон дода шудааст:

Дархости рӯзномаи “ИмрӯзNEWS” ба Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Рӯзномаи “ИмрӯзNEWS” аз 25.02.2014 ба Директори Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Абдуффатоҳи Ғоиб дархости иттилоъ кардааст, вале то ҳол ҷавоб нагирифтааст. Ё ин ки аз 08.04.2014 ба ду ниҳод Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба номи вазир Сироҷиддин Аслов ва Директори Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Абдуффатоҳи Ғоиб дархост фиристодааст, вале то ба имрӯз умуман ҷавобе нагирифтааст.

Аммо дар натиҷа роҳбарияти Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон такя ба заминаҳои ҳуқуқӣ карда ба хабарнигорон ва ниҳодҳои давлатӣ чанд тавсия додааст:

1) Ҳангоми риоя нашудани мӯҳлати серӯзаи дастрасӣ ба иттилоот ва ё аққалан хабарнома, ки сабаби ба таъхир афтодани ҷараёни посухдиҳиро ба вуҷуд меорад, журналистон бояд аз меъёрҳои ҳуқуқии қонунгузорӣ дар соҳаи ВАО ва дигар қонунҳои ҶТ истифода намоянд. Яъне ба мақомоти болоӣ (агар муовин бошад ба раис ), ё дар мавриди амал ва ё беамалии мансабдорон шикоят баранд ва дар ҳолати ниҳоӣ ба суд муроҷиат кунанд.

2) Журналистон бояд иттифоқ ва дар татбиқи меёърҳои ҳуқуқӣ собитқадам бошанд. Дар суръати нақзи ҳуқуқҳояшон ба таври фаврӣ ба созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ва мақомоти дахлдор муроҷиат кунанд. Шикояти пай дар пай аз тарафи рӯзноманигорон ба мақоми болоӣ ё суд ҳатман мансабдоронро водор мекунад, ки қонунро худ риоя кунанд.

3) Ҳангоми муроҷиати расмӣ журналистон ё нафаре, ки дархостро мебарад, бояд дар ҳамон ниҳод расман ба қайд гирад. Шахси бақайдгиранда ному насаб, имзои хешро ба нусхаи дархост гузорад ва ҳамчунин рақами телефонашро нависад. Ҳамчунин, дар китоби даромаду баромадҳо ба қайд гирифта, иҷрои онро бояд пайгирӣ намояд.

4) Мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор бояд саривақт дар асоси қонун иттилоъро пешниҳод намоянд, ё дар ҳолати таъхир кардан дар пешниҳоди маълумот бояд хабарнома ба ҷониби иттилоъдархосткунанда фиристад. 5) Ба мансабдорон, роҳбари корхонаву ташкилотҳо тавсия дода мешавад қонунгузорӣ дар соҳаи ВАО омӯзанд ва ба кормандон донистани меъёри ҳуқуқии онро тавсия диҳанд.

6) Мақомоти прокуратура иҷрои ҳатмии меъёрҳои қонунгузории кишварро дар самти дастрасӣ ба иттилоот назорат намуда, дар сурати нақзи қонун нисбати гунаҳкорон чораҳо андешанд.

http://matrix-tv.tj/sarchashmahoi-davlatjj-dastnorasand/

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *