Қаршибоев дар миёни сад ‘қаҳрамони иттилоърасонии’ ҷаҳон

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз аз сад фаъъоли матбӯъот ва озодии баён дар кишварҳои мухталиф ба унвони «қаҳрамонони арсаи иттилоърасонӣ» ном бурда, ки дар миёни онҳо Нуриддин Қаршибоев низ ҳаст.

Оқои Қаршибоев раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон, яке аз фаъъолтарин созмонҳои мудофеъи ҳуқуқ ва озодиҳои рӯзноманигорон ва расонаҳост, ки дар соли 1999 таъсис шудааст.

Сипари расонаҳои озод

Ба навиштаи Гузоришгарони Бидуни Марз, оқои Қаршибоев дар зарфи 30 соли фаъъолияти худ ба унвони рӯзноманигор ва мудофеъи озодии матбӯъот ва расонаҳо дар Тоҷикистон беш аз 600 мақола ва гузориш дар бораи иттилоърасонӣ навиштааст.

Торнамои ин созмон менависад: «Нуриддин Қаршибоев мудофеъи пайгири рӯзноманигорон дар баробари фишор ва саркӯб, мушаввиқи расона ба муҳтарам шумурдани мавозини ахлоқи ҳирфаӣ ва демукротик, муборизи роҳи озодии иттилоърасонӣ аз роҳи тағйири қавонини Тоҷикистон аст.»

«Дар кишваре, ки ҳанӯз мусибати ҷанги дохилиро аз ёд набурда, бо истибдоди рӯзафзуни як давлати худкома рӯбарӯст, Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон шамшер ва сипари расонаҳои мустақил буда ва фарҳанги рӯзноманигории озод ва касратгароро дар домони худ парвариш медиҳад.»

Ин созмон, ки дар гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистон се маркази мушовараи ҳуқуқӣ барои рӯзноманигорон ва расонаҳои мустақил дорад, мавориди нақзи озодии матбӯъот ва ҳуқуқи рӯзноманигорон ба сабт мерасонад ва барои тарбияту бозомӯзиии хабарнигорон тарҳҳое ба иҷро мерасонад.

Нуриддин Қаршибоев танҳо касе Тоҷикистон аст, ки исмаш дар ин феҳрист омадааст. Аз ҷавомеъи дигари форсизабон асомии чаҳор рӯзноманигори эронӣ ва ду рӯзноманигор аз Афғонистон ҳам дар феҳристи «қаҳрамонони иттилоърасонӣ» дида мешавад, ки ду нафари онҳо занон ҳастанд.

Сӣ сол бо даҳони баста?

Яке аз онҳо Жило Банӣ Яъқуб, рӯзноманигор, фаъъоли ҳуқуқи башар ва фаъъоли сиёсии эронӣ аст, ки мудирияти торнамои Конуни Занони Эрониро ба уҳда дорад. Додгоҳе дар Теҳрон соли 2010 ӯро ба иттиҳоми «таблиғ алайҳи низом» ва «иҳонат ба раисҷумҳур» ба як соли зиндон ва 30 сол мамнӯъият аз фаъъолияти рӯзноманигорӣ маҳкум кард.

Хонум Банӣ Яъқуб 8 марти соли 2009 дар як ҳамоиш ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии занон ҳам боздошт шуд ва як ҳафтаро бо чашмони баста дар зиндони машҳури Эвин ба сар бурда буд. Баъдан, хотироташ аз зиндони Эвинро ӯ дар китобе ба риштаи тасвир кашид, ки дар хориҷ аз Эрон ба чоп расидааст.

Сиёмак Қодирӣ, рӯзноманигор ва веблогнависи дигари эронӣ, ки низ номаш дар феҳристи қаҳрамонони иттилоърасонӣ омадааст, баъд аз барканорӣ аз шуғлаш дар хабаргузории ИРНО дар моҳи январи соли 2011 ба чаҳор сол зиндон ва 60 зарби тозиёна ё шалоқ маҳкум шуд.

Мақомоти ӯро ба ин муттаҳам карданд, ки бо истифода аз сафҳаи торнигор ё веблогаш даст ба таблиғ алайҳи низом ва иттилоърасонии козибона задааст, ки «назми умумиро мухтал мекунад.»

Гузоришгарони Бидуни Марз менависад: «Ҷурми ӯ танҳо таҳқиқи зиндагии рӯзмарраи ҳаммеҳанонаш ва интиқод аз сиёсатҳои давлат набуд. Гузашта аз ин, ӯ аз ҳамҷинсгароён мусоҳиба мегирифт ва дар веблогаш мунташир мекард. Зеро аз замони сафари Аҳмадинажод ба Омрико дар соли 2007 ва суханони маъруфаш, ҳама медонанд, ки «дар Эрон ҳеч ҳамҷинсгарое вуҷуд надорад.»

Ду тани дигар аз эрониёни машмули ин феҳрист Аднон Ҳасанпур, рӯзноманигори курд, ки соли 2007 ба иттиҳоми «ҷосусӣ ва ҷудоиталабӣ» ба эъдом маҳкум шуда буд ва Саид Матинпур, рӯзноманигори озарӣ аст, ки соли 2009 ба иттиҳоми «таблиғ алайҳи низом» ба ҳашт соли зиндон муттаҳам шуд.

Ҳукми эъдом алайҳи оқои Ҳасанпур дар пайи фишорҳои байналмилалӣ лағв шуд, вале соли 2009 ӯ барои 15 сол ба зиндон маҳкум шуд. Вазъи саломати ин ҳарду рӯзноманигор дар зиндон бисёр вахим гузориш шудааст.

Фурсате барои қадрдонӣ

Исми Наҷиба Айюбӣ, рӯзноманигор ва фаъъоли ҳуқуқи занон дар Афғонистон, ба хотири шуҷоъат ва устуворияш дар баробари таҳдиду иръоби пулис ва ҷангсолорон дар ин феҳрист дарҷ шудааст. Вай мудири созмонест, ки ду адад аз пурхонандатарин маҷаллотро интишор медиҳад. Соли 2013 хонум Айюбӣ барандаи ҷоизаи шуҷоъати рӯзноманигории Сандуқи Байналмилалии Расонаҳои Занон шуд.

Рӯзноманигори дигаре аз Афғонистон, ки номаш дар ин феҳрист зикр шуда, Дониш Карухел, раиси хабаргузории «Пажвок» аст. Ин хабаргузорӣ, ки даҳ сол пеш таъсис шуд, ҳашт дафтари маҳаллӣ дар манотиқи Афғонистон дорад ва ба забонҳои пашту, форсӣ ва инглисӣ хабару гузоришҳое интишор медиҳад.

Имсол барои бори нахуст аст, ки Гузоришгарони Бидуни Марз дар «Рӯзи ҷаҳонии озоди матбӯъот», мусодиф бо 3 май, феҳристе аз диловарони арсаи матбӯъот ва иттилоърасониро интишор медиҳад.Ин созмон мегӯяд, ки ин афрод бо кору кӯшиши далерона ба тарвиҷи озодие, ки дар моддаи 19-и Эъломияи Ҷаҳонии Ҳуқуқи Башар сабт шудааст, яъне озодии «ҷустуҷӯ, дарёфт ва интишори иттилоъ ва андеша ба василаи ҳар навъ расонае, сарфи назар аз марзҳои ҷуғрофиёиву сиёсӣ» кумак мекунанд.

Дар баёнияи ин созмон омада, ки «Рӯзи ҷаҳонии озодии атбӯъот» фурсате муносиб барои қадрдонӣ аз шуҷоъат ва пуштикори рӯзноманигорон ва блогнависонест, ки ормонҳои худро дар хидмати масолеҳи умумӣ қарор медиҳанд ва устуворона амният ва гоҳо ҳаёти худро фидои пеша ва шуғли худ мекунанд.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/05/140503_ea_qarshibayev_100_heroes.shtml

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *