Таҷлил аз Рӯзи озодии баён ва мушкилоти расонаҳо дар Тоҷикистон

Рӯзноманигорон ва фаъъолони созмонҳои расонаии Тоҷикистон бо баргузории як ҳамоиш ва баррасии мушкилоти озодии баён дар ин кишвар аз «Рӯзи ҷаҳонии озодии матбӯъот» таҷлил карданд.

Дар ин ҳамоиш, ки рӯзи 3 май дар Кохи Ваҳдат дар маркази шаҳри Душанбе доир шуд, ширкаткунандагон нахуст ба поси хотираи қурбониёни роҳи озодии баён дар Тоҷикистон лаҳзае сукут карданд.

Дар идомаи ҳамоиш бисёре аз рӯзноманигорон аз ҷумла аз ин ки мақомҳои давлатӣ, бавижа мақомҳои додситонӣ, бамавқеъ иттилоъотро дар ихтиёри расонаҳо ё хабарнигорон қарор намедиҳанд, интиқод карданд.

Яке аз масоили доғ ва баҳсбарангези ин ҳамоиш қазоёи додгоҳии марбут ба расонаҳо буд. Тайи солҳои ахир додгоҳҳои Тоҷикистон дар мавориди мухталифе нашрияҳо ва рӯзноманигорони ҷудогонаро ба пардохти ғароматҳои ҳангуфт ба мансабдороне водор кардаанд, ки муддаъиянд хабарнигорон ва расонаҳо обрӯи онҳоро ба хок баробар кардаанд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки бисёре аз ин қазоё беъадолатона баррасӣ шудаанд, зеро додгоҳҳо дар Тоҷикистон мустақил нестанд ва ҳамвора зери бори мақомоти додситонӣ мераванд. Худи мақомҳои додситонӣ ҳамвора аз ибрози назар ё додани иттилоъ ба хабарнигорон иҷтиноб меварзанд.

Зимнан, Рустами Ҷонӣ, муассиси нашрияи «Имрӯз-Нюз», хабар дод, ки ин нашрия ба пардохти ғаромат «барои осеби равонӣ» ба Рустам Ҳукумов, писари Амонуллои Ҳукуматулло, раиси собиқи ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» шурӯъ карда ва 10 ҳазор сомонӣ пардохтааст.

Додгоҳи иқтисодии Душанбе дар моҳи феврал ин нашрияро барои чопи матлабе таҳти унвони «Ҳукумов ва Боқиев барои падарони худ дардисар шуданд» муваззаф ба пардохти 50 ҳазор сомонӣ карда буд.

Мудофеъони озодии матбӯъот мегӯянд, ки мизони пардохти ҷарима барои тавҳин ва ифтиро дар Тоҷикистон камаршикан аст ва гоҳо мӯҷиби баста шудани нашрияҳо мешавад. Мансабдорон бо суиистифода аз набуди маҳдудият дар ин замина пайваста «аз рӯзноманигорон интиқом мегиранд» ё онҳоро «танбеҳ мекунанд.»

Аз сӯйи дигар, дар Тоҷикистон ҳанӯз додгоҳи расона вуҷуд надорад, то қазоё ва ҷанҷолу ихтилофоти матбӯъотиро қабл аз расидан ба додгоҳи маданӣ (шаҳрвандӣ) ё идорӣ (маъмурӣ) ва ҳатто дар мавориде додгоҳҳои ҷиноӣ баррасӣ ва дар мавриди онҳо доварӣ кунад.

Ҳарчанд созмоне ба номи Шӯрои расонаҳо таъсис шуда ва бар риъояти ахлоқи рӯзноманигорӣ назорат мекунад, аммо гуфта мешавад, ки ин ниҳод аз қудрату салоҳияти кофӣ бархурдор нест ва мақоми он ба унвони «додгоҳи расона» дар қавонини Тоҷикистон тасбит нашудааст.

Дар бисёре аз кишварҳо додгоҳҳо қазоёи марбут ба расонаҳоро то замоне ки аз марҳилаи доварӣ дар додгоҳи расона ё ҳамон Шӯрои расонаҳо нагузарад, мавриди баррасӣ қарор намедиҳанд. Аммо ин амр дар Тоҷикистон ба сурати иҷборӣ ва ҳатман иҷропазир нест.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/05/140503_ea_rln_press_freedom_day.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *