Додгоҳи шаҳри Душанбе зимни расидагӣ ба шикояти нашрияи «Asia-Plus» ва Олга Тутубалина, сардабири он, ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдасии ин шаҳрро таъйид кардааст.
Дар мусаввабаи додгоҳи шаҳри Душанбе, ки рӯзи чаҳоршанбеи 30 апрел баргузор шуд, аз мавзеъи рӯшанфикрони тоҷик пуштибонӣ шудааст.
ар авохири моҳи феврали соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе нашрияи русизабони «Asia-Plus» ва сардабири онро ба иттиҳоми тавҳин ба зиёиён 30 ҳазор сомонӣ ҷарима карда буд.
Тибқи ҳукми додгоҳ, нашрияи «Asia-Plus» бояд ба ҳар кадоме аз муддаъиёни қазия, Аскаралӣ Раҷабов, Ҳикмат Раҳматов ва Дилбар Абдиева, даҳ ҳазор сомонӣ пардохт кунанд.
Ҳамчунин, ин нашрия муваззаф шуда буд, ки дар мавриди мақолаи «Тасвире бефарҳангона аз фарҳангиён» (Неинтеллигентно об интеллигенции)-и хонуми Тутубалина , ки “шаъни зиёиёнро паст зада буд”, раддияе мунташир кунад.
Масъулони нашрия гуфтанд, ки аз раъйи додгоҳи шаҳри Душанбе ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят хоҳанд бурд.
Дар тобистони соли гузашта хонум Тутубалина дар нашрияи “Asia-Plus” дар матлабе зери унвони «Тасвире бефарҳангона аз фарҳангиён» (Неинтеллигентно об интеллигенции) матлаберо чоп кард, ки иддае аз рӯшанфикрони тоҷик онро тавҳиномез арзёбӣ карданд.
Дар ин матлаб хонум Тутубалина ақоиди худро дар бораи бозгашти Бозор Собир, шоъири саршинос, ба ватан иброз дошта ва ҳамзамон назари худро дар бораи сиёсатҳои феълии давлат ва мавзеъгирии фарҳангиён мунташир карда буд.
Ӯ дар навиштаҳои худ нақли қавлеро аз Влодимир Ленин, пешвои инқилоби булшевикӣ, оварда буд, ки равшанфикронро «на мағзи миллат, балки наҷис” хондааст.
Ин навиштаҳо боъиси ранҷиш ва хашми бархе аз намояндагони ҷомеъаи равшанфикрии кишвар шуд ва онҳо вокунишҳои шадидуллаҳне ба ин матлаби хонум Тутубалина дар расонаҳо мунташир карданд.
Панҷ муассиса ва иттиҳодияи ҳунарӣ — Фарҳангистони улум, Иттиҳодияи нависандагон, Иттиҳодияи наққошон, Иттиҳодияи оҳангсозон ва Иттиҳодияи меъморон — ва се нафари дигар, Аскаралӣ Раҷабов, Ҳикмат Раҳматов ва Дилбар Абдиева аз ин нашрия ба додгоҳ шикоят бурда буданд.
Созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва сафорати Омрико дар Тоҷикистон аз тасмими додгоҳи ноҳияи Фирдавӣ алайҳи нашрияи «Asia-Plus» ва Олга Тутубалина, сардабири он, интиқод карда ва гуфтанд, ки ин тасмим дар «вазъи озодии матбӯъот дар Тоҷикистон таъсири манфӣ» хоҳад расонд.
http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/04/140430_mm_tutubalina_court.shtml