Дар арафаи Рӯзи байналмилалии озодии баён раҳбари Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев ба рӯйхати «100 қаҳрамони иттилоотӣ» ворид гардид, ки аз ҷониби созмони «Гузоришгарони бидуни марз» тартиб дода шудааст.
Ин созмон қайд кардааст, ки Нуриддин Қаршибоев дар давоми карераи 30-солаи худ зиёда аз 600 мақолаву ҳисобот навиштааст. Гузашта аз ин, бояд гуфт, ки ӯ ба соҳаи журналистика солҳои хеле ҷавониаш, аллакай аз даврони мактабхонӣ ворид гардида, дар матбуот мақолаҳояш барои кӯдакон чоп мешуд.
Н. Қаршибоев айни замон низ роҳбарии Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад, ки соли 1999 таъсис ёфта буд.
— Ӯ бе хастагӣ кор мекунад, то ҳамкасбонеро, ки таҳти фишор мондаанд, ҳимоя намояд. Ӯ бо мақсади саҳм гузоштан дар рушди стандартҳои демократӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад ва барои тағйирот даровардан дар қонунгузории Тоҷикистон баҳри беҳтарсозии вазъи озодии баён талош меварзад. Дар кишваре, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ зарар дидааст, АМВАОТ шамшеру сипари журналистикаи мустақил буд,- зикр мекунад «Гузоришгарони бидуни марз».
Бояд зикр намуд, ки дар рӯйхат инчунин намояндагони Осиёи Марказӣ аз Қазоқистон Лукпан Ахмедяров, аз Ӯзбекистон Муҳаммад Бекҷон ва Муътабар Таҷибоева низ ҷой гирифтаанд. Ҳамчунин, «Гузоришгарони бидуни марз» муассиси «Викиликс» Ҷулиан Ассанҷро қаҳрамони иттилоотӣ номидааст.
http://faraj.tj/news/5229-1178arshiboev-shamsheru-sipari-zhurnalistikai-musta1179il.html