Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ, барои пазириши хоҳишаш, ба журналистон узви «Комиссияи оташбас» буданашро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдрас кард.
Абдулфайз Атоев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамаи журналистони тоҷик хоҳиш кард, то нисбати сафари қарибулвуқуъи Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов Президенти Туркманистон назари некбинона дошта бошанд.
Атоев рӯзи 2-юми май зимни як брифинг дар ҳузури журналистон гуфт: “ҳамчун як узви собиқи Комиссияи оташбас мехоҳам, ба шумо ёдовар шавам, ки яке аз лаҳзаҳои аввалини сулҳи моро бародарони туркман мусоидат карда буданд. Барои он ки мо ба ин рӯзҳо расем. Илова бар ин вақте, ки ҳамсоякишварҳо барои мо барқро қатъ карданд, Туркманистон омода буд, то барои мо барқ бидиҳад.
Баъзе лаҳзаҳои муғризонаву баъзе эҳсосоти ҷудогонае, ки ҳастанд, барои нафароне, ки Тоҷикистонро дӯст медоранд, фикр мекунам изофӣ ҳастанд,- гуфт Абдулфайз Атоев.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар назар аст рӯзҳои 5-ум ва 6-уми май Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон ояд.
Дар назар аст, дар ҷараёни ин сафари расмӣ, Президенти Туркманистон бо Президент Эмомалӣ Раҳмон, сарвазир Қоҳир Расулзода ва раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот анҷом диҳад.
http://www.tojnews.tj/video-darkhosti-vazorati-korhoi-khoriji-az-jurnalistoni-tojik