Кӣ фурӯхтани рӯзномаҳоро дар Душанбе манъ кард?

Субҳи рӯзи 30 апрел кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фурӯхтани  рӯзномаву маҷаллаҳои ҳукумативу мустақилро дар пойтахт  қатъиян манъ карданд.

Ба гуфтаи рӯзномафурӯшон, милисаҳое, ки дар шаҳр ба фурӯши рӯзномаҳо иҷозат намедиҳанд, мегӯянд бо судури як фармон аз ҷониби  раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ин корро анҷом медиҳанд. Ба гуфтаи милисаҳо, фурӯхтани рӯзнома дар пойтахт  савдои кӯчагӣ ҳисоб мешавад. Рӯзномафурӯшон мегӯянд, ҳафтаи ҷорӣ ҳамаи рӯзномаҳо фурӯхта нашуда, бозпас ба дасти онҳо расидааст.

Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба faraj. tj гуфт:

«Манъ кардани фурӯши рӯзномаҳо пайомади чандон хуб надорад. Субҳ мо дар робита ба ин мушкил ба мири шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев мактуби расмӣ ирсол намудем  ва ҳамчунин дар нишонии  шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» — аш ҳам номаро гузоштем».

Ба қавли Акбари Саттор,  «дар тамоми дунё рӯзномаву маҷалларо дар кӯчаҳо мефурӯшанд ва ин ягон зарар надорад. Аммо мақомоти қудратии мо фурӯхтани рӯзномаро мисли фурӯши донаи офтобпараст ва мева ҳисобида, онро савдои кӯчагӣ арзёбӣ мекунанд. Мушкил ҳалли худро дар наздиктарин фурсат бояд пайдо кунад».

Шавкат Саидов, сухангӯи раиси шаҳр дар сӯҳбат ба faraj. tj  афзуд, ки «раиси шаҳр фурӯши рӯзномаҳоро дар шаҳр манъ накардааст. Танҳо фурӯхтани рӯзномаву китоб дар болои замин манъ аст. Зеро онҳо рӯзномаро бештари вақт дар ҷойҳои ғайрисанитарӣ ба фурӯш мегузоранд. Мири шаҳр ҳеҷ гоҳ зидди фурӯши рӯзномаҳо набуд».

Аммо рӯзномафурӯшон мегӯянд, ки то ҳол ҳам манъи фурӯши рӯзномаҳо аз ҷониби мақомоти корҳои дохила идома дорад. Ба гуфтаи рӯзномафурӯшон, бештар онҳоро дар наздикиҳои бозори «Роҳи абрешим», «Саховат» ва кинотеатри «Ватан» намегузоранд рӯзнома фурӯшанд.

http://faraj.tj/news/5209-k1251-fur1263htani-r1263znoma1203oro-dar-dushanbe-man-kard.html

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *