АМРМТ фароҳамгарони интернетро ба нақзи қонуни матбӯъот муттаҳам кард

Анҷумани миллии расонаҳои мустақилли Тоҷикистон (АМРМТ) чанд ниҳоди фароҳамкунандаи интернетро ба нақзи Қонуни матбӯъоти ин кишвар муттаҳам кардааст.

Дар баёнияи ин созмон, ки рӯзи сешанбеи 22 апрел мунташир шуд, таъкид шуда, ки тибқи Қонуни “Матбӯъот ва васоити дигари ахбори умум”, фароҳамкунандагони интернет бояд дар зарфи се рӯз пас аз муроҷиъаи расмӣ далели масдуд шудани сойтҳои хабариро шарҳ диҳанд.

Ин созмон аз фароҳамкунандагони интернет, монанди “Телеком текноложӣ”, “Таком” (“Билайн”) ва “Сатурн” ном бурдааст, ки то ҳол ба дархостҳои расмӣ дар бораи иллати масдуд шудани торнамои русии хабаргузории “Озодагон” посухе надодаанд.

Як намояндаи ширкати “Сатурн”, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, далели масдуд шудани торнамои русии ин хабаргузориро ба дастур аз “боло”, яъне, Идораи иртибототи Тоҷикистон, марбут хонд.

Аммо масъулони ин идора ин хабарро рад карда ва гуфтанд, ки ҳеч дастуре барои масдуд кардани торнамоҳои хабарӣ содир нашудааст.

Қаблан низ масъулони Идораи иртибототи Тоҷикистон хабари дастур барои масдуд кардани торнамоҳои хабарии мустақилро такзиб карда, ин амрро ба “мушкилоти фаннӣ” марбут хонда буданд.

Каюмарси Ато, як тан аз масъулони хабаргузории мустақилли “Озодагон”, гуфт, ки мушкили ин хабаргузорӣ бо ширкатҳои фароҳамгари интернет дар Тоҷикистон дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурии 6 ноябри соли гузашта шурӯъ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар муддати беш аз чаҳор моҳ торнамоҳои тоҷикию русии хабаргузории “Озодагон” барои муштариёни бештари ширкатҳои фароҳамгари интернет дастнорас буд.

Ду моҳ қабл, торнаоми тоҷикии ин хабаргузорӣ боз шуда, вале торнамои русии он аз ҷониби чанд ширкати фароҳамгари интернет ҳамчунон масдуд боқӣ мондааст.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон дастрасӣ ба сойтҳои “оzodi.org” ва “оzodi.tj” тавассути ширкатҳои фароҳамгари “Вавилон”, “Билайн” ва “Тоҷнет” душвор шуда буд.

Дар соли гузашта торнамоҳои “asia-plus”, “nahzat.tj”, “tojnews”, “tjknews” “fergana.ru”, “centrasia.ru”, “ria-novosti.ru”, “vesti.ru”ва шабакаи иҷтимоъии “facebook” бидуни шарҳи далоиле аз ҷониби Идораи иртибототи Тоҷикистон масдуд шуда буд.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/04/140422_mm_internet_block.shtml

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *