Собиқадори матбуоти тоҷик Зайниддин Насриддинов даргузашт

Падари яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ Фазлиддин Насриддинов — Зайниддин Насриддинов шаби гузашта вафот кард. Маросими ҷанозаи ӯ дар масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе баргузор гашт.

Устод Зайниддин Насриддинов аз синни ҷавонӣ умри пурбаракати хешро дар роҳи матбуот сарф кардааст. Ӯ ҳанӯз аз замонҳои донишҷӯии хеш дар саҳифаҳои матбуоти тоҷик, бахусус дар рӯзномаи ноҳиявӣ ҳамкории хуб дошт. Баъди ба пойтахт омадан низ бо матбуот сарукор гирифта, солҳои тӯлонӣ роҳбарии Агентии давлатии миллии иттилоотии «Ховар»-ро бар ӯҳда доштан.

Муҳаққиқи соҳаи журналистика Қироншоҳ Шарифзода мегӯяд, ки дар замони роҳбарии марҳум Агентии мазкур дар миёни кишварҳои шӯравӣ ба яке аз бунгоҳҳои боэътимод табдил ёфта, хабарҳои саҳеҳу саривақтиро ҳамеша фаъолона паҳн мекард: «Устод то андозае ба касби худ содиқ монда буданд, ки ҳатто дар замони пиронсолӣ ҳам дар ҳамкорӣ бо матбуоти тоҷик ва таҳлилу баррасии маводҳои чопшуда дар рӯзномаву маҷаллаҳо пайваста андешаҳои худро баён менамуданд. Устоди марҳум дар баробари нишон додани фаъолӣ, дар давраи пиронсолӣ боз силсилаи мақолаву ёдоштҳои худро низ дар матбуоти тоҷик ба табъ расониданд».

— Дар фосилаи зиёдтар аз 10 рӯзи гузашта, ки Устод дар бистари беморӣ буданд, ба аёдаташон рафта будам. Ҳарчанд эшон дар бистари беморӣ буданд, вале аз вазъи нашрияҳои имрӯза ба хубӣ огоҳ буданд. Дар назди бистарашон ғарами рӯзномаҳои матбуоти даврӣ фароҳам оварда шуда буд, ки пайваста онҳоро мутолиа менамуданд. Ҳатто вақте ман ин ҳолатро дидам, шӯхиомез гуфтам, ки «устод, шумо бояд роҳат кунед». Аммо устод дар посух ба ман гуфтанд, ки роҳати ман ҳамин мутолиаи рӯзномаҳост,- аз хотироташ нақл кард Қ. Шарифзода.

Ҳайати эҷодии торнамои faraj.tj аз даргузашти устод андӯҳгин буда, аз даргоҳи Худованд ба аҳли оила ва наздикону пайвандонашон сабри ҷамил мехоҳанд.

http://faraj.tj/news/5128-sobi1179adori-matbuoti-to1207ik-zayniddin-nasriddinov-darguzasht.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *