Рўзҳои 11-12 апрели с. 2014 Намояндагии «Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ» (IWPR) дар Тоҷикистон тренинги дурўзаро, дар мавриди «Ҳамкории ВАО ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон» доир намуд.
Дар доираи ин тренинг 15 нафар аз журналистон ва намояндагони созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон аз шаҳри Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Қумсангир, Шаҳритуз, Қубодиён ва дигар минтақаҳои вилояти Хатлон барои пайдо кардани заминаҳои муштараки ҳамкорӣ ба хотири дифоъ аз ҳуқуқи инсон талош намуданд.
Иштирокчиёни тренинг тарзи омода кардани мақолаҳо дар мавзўъҳои ҳуқуқи инсон ва нозукиҳои ташкил намудани мусоҳиба бо қурбониёни нақзи ҳуқуқи инсонро омўхта, инчунин бо ҷанбаҳои қонунии оростани мусоҳиба бо поймолкунандагони ҳуқуқи инсон шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки ин тренинг аллакай дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа доир гардида, дар оянда дар шаҳрҳои Кўлоб ва Хоруғ баргузор хоҳад гашт.
Тренинг дар доираи лоиҳаи сесолаи «Тавонмандсозии ВАО ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидат ба ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон» гузаронида шуд, ки он аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаҳои “Дастгоҳи Аврупо барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон» (EIDHR) дар якҷоягӣ бо Ҳукумати Норвегия ва “Хазинаи миллии рушди демократия” (NED) маблағгузорӣ мешавад.
Лоиҳаи мазкур барои ҳавасмандгардонии ҳамкорӣ байни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил равона гардидааст. Максади он баланд бардоштани имконоти ВАО-и мустақил барои гузарондани таҳқиқоти журналистӣ ва таҳияи мақолаҳои таҳлилӣ, ҳамчунин ҳавасмандгардонии муколаммаи муассир байни ҳомиёни ҳуқуқи башар, ВАО ва намояндагони мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба хотири ҳалли мушкилоти аввалиндараҷаи иҷтимоӣ.
Хадамоти мониторинги АМВАОМТ.